Ҳадя — Бухоро

Чашмони ту

Дилам дар чашми ишқат чун мурғи обӣ мебозад,

Дар оғўши шифобахшат, танам аз шодӣ менозад.

Туро ҷони ҷаҳон гуфтам, надонистам, ки афзунӣ,

Бидонад бар гарав ҷону шудам то маҳрами розат.

Туро дар дида ҷо додам, чу нури чашми биноям,

Ба тори дил задӣ нохун, бидон, ишқи ту бинвозам.

Шудӣ дарё, чу кабки ром андар доми сайёдӣ,

Маҳинтар мебарояд аз қафас ин роҳи овозат.

***

Ман нидои ин заминам

Субҳи содиқ медамад бо нури оташбори ишқ,

То само оғўш кушояд, менавозад тори хеш.

Ошиқиро аз фалак омўхт инсон аз азал,

Сурату ҳам сирати олам, гўёи ишқ.

Ишқи поки кайҳонӣ деҳ, худоё, бар манам,

Нури маъниро бипошам аз чароғи рўшанам.

Қалби хоболўди шаб бедор созам бо ҷарас,

Бар дили бисмили ошиқ, ҷон бахшам як нафас.

Оламе аз ту бисозам, олимеро инчунин,

То зи хасми бемурувват пок гардад ин замин.

Лозимаш ҳеҷ гаҳ набояд, не яроқу не сир,

Аз дили модар нахезад лолае ё дуди оҳ.

Ман нидои ин заминам, эй худои оламе,

Қудрати покӣ бидеҳ, бар ҷисму ҷони одамӣ.

Аз қудумаш лола рўяд, аз дилаш меҳри зиё,

Заррае аз ў наранҷад, ҳеҷ нуре, ҳеҷ гоҳ.

***

Зан

Ҳастию маънии олам, бо зан аст,

Халқи ҳар як насли одам, бо зан аст.

Қатраеро ҷон диҳад хуршедсон,

Кашфи яздонӣ дар ин дам, бо зан аст.

Ҳар куҷо насл аст гўяд, модарам,

Лаззати дунёи ў ҳам, бо зан аст.

Ҷаннати рўи замин, оғўши зан,

Ҳам вафову меҳри хотам, бо зан аст.

Меҳри зан, гўянд дорад решаҳо,

То фалакро фикру мақдам, бо зан аст.

Бо ҳама қудрат бигўянд зан заиф,

Назди ишқи ёр, сари хам, бо зан аст.

هدیه — بخارا

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *