Нахуствазир мехоҳад президент шавад
Сооронбой Ҷеенбеков, нахуствазири ҳозираи Қирғизистон, аз тарафи Ҳизби сотсиал-демократи Алмосбек Отамбоев дар интихоботи президентии ин кишвар номзад шуд. Рӯзи 17-уми май дар ин бора шӯрои сиёсии ҳизб изҳорот пахш кард. Сооронбой Ҷеенбеков 58 сол дошта, аз моҳи апрели соли 2016 дар мақоми нахуствазири Қирғизистон кор мекунад.
Аз замони касби истиқлоли Қирғизистон ӯ се дафъа узви маҷлис интихоб шудааст. Дар солҳои 2010 то 2015 дар мақоми раиси вилояти Ӯш, ки дар умқи ихтилофҳои қавмӣ қарор дошт, кор кардааст. Ҷеенбеков соли 1983 академияи кишоварзии Қирғизистонро дар шаҳри Бишкек хатм карда, аз рӯи ихтисосаш зоотехник ва иқтисодшинос аст.
То имрӯз се ҳизби сиёсӣ номзадҳои худро ба интихоботи раёсати ҷумҳури Қирғизистон пешбарӣ кардаанд. Инҳо: Омурбек Бабанов аз ҳизби “Республика Ота Ҷурт”, Темир Сариев аз ҳизби “Оқ Шумқор” ва Бакит Торобаев аз ҳизби “Онгуу Прогресс”.
Инчунин, рӯзи 17-уми май порлумон тарҳи қонун дар бораи баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишварро дар таърихи 15-уми октябр дар қироати аввал пазируфт. Ин тарҳ бояд дар ду овоздиҳии дигар баррасӣ ва қабул шуда барои тасвиби президент фиристода шавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ