Ҷавонӣ нарафтааст!

…Инсонҳо ҳар хел мешаванд ва тақдири онҳо низ  гуногун.   Монандтаринҳояш ҳам бо ҷузъиёти худ фарқ мекунанд. Яъне дар ҷаҳон касе нест, ки рисолати якхела ва тақдири сад дар сад ҳамранг бо каси дигаре  дошта бошад. Имрӯз синни ҳамсолонаш  аз шаст убур кардааст, аммо ӯ нисбати онҳо хеле ҷавонтар менамояд ва ин танҳо дар зоҳираш ҳувайдо нест. Шояд аз зоҳир дида, ботини ин мард бештар ҷавон бошад. Хеле кӯшиш кардам, ки сабаби ҷавон монданашро дарёбам. Шояд ба  ӯ ламаҳои Тибет,ки бо онҳо ҳамсуҳбат шуда буд, ёрӣ мерасонанд  ва ё аз тамаддуни қадима, вале пешрафтаи инкҳои Амрикои Лотинӣ чизеро дар вақти сафари  ба он ҷо кардаааш рабудааст, кумак  мекунанд?  Ё ин ки пешрафти иқтисодии Малайзияю Индонезия, ки онро бо чашми сар дидаасту ҳар  сари вақт аз он ёдовар мешавад, илҳом мебахшанд ва мехоҳад ҷавон бимонаду пешрафтҳои кишвари  худашро  низ бубинад? Ё   манбаи ҷавонии ӯро дар ҷои дигар бояд ҷуст? Дар он, ки шабу рӯз меҳнат мекунад ва дигаронро ҳам ором намегузорад. Ҳамеша дар паи ҷустуҷӯ асту  роҳҳои нави  рушди ширкаташро меҷӯяд. Шояд гумон кунед, ки ӯ танҳо манфиати ширкат ва манфиати корхонаю нашрияашро  фикр мекунад? Сад дар сад иштибоҳ мекунед! Шоҳиди он ҳастем, ки барои таҳқири кишвари мо аз ҷониби як журналисти рус  ӯ аз баҳри фоидаи  нашрияи бонуфузе гузашт ва нашри онро дар кишвар  қатъ намуд. Иллат дар он буд, ки талабашро дар мавриди боздошти нашри ин таҳқирнома он нашрия напазируфт. Кам касоне,ки худро “милатдӯст” мегӯянд, ба чунин кор қодиранд ва ба ҷуз сангандозӣ суи миллату халқи худ дигар коре надоранд.  Барои ӯ, новобаста ба нархаш, ҳақиқат аз  ҳама боло меистад. Ҳақиқат ва ҳақпарастӣ, дар ҳама кор ва талаби чунин хислатҳо аз кормандону зердастон. Аз ин рӯ, ангуштшумор  касоне пайдо мешаванд, ки бо ӯ якҷо кор карда тавонанд. Барои ин бояд мисли ӯ нисбати худ серталаб ва ҳатто то андозае бераҳм буд. Инсон бе ҷурму гуноҳ  нест ва ӯ ҳам аз ин доира берун намондааст. Гуноҳи ӯ дар он аст, ки нисбати душманонаш (бале, ӯ ҳам мисли ҳар марди қаламкаш душман дорад ва шояд шуморашон аз дигарон дида бештар бошад) комилан бефарқ аст ва ҳаргиз ба навиштаҳои пурғарази онҳо нисбаташ ҷавобе намегӯяд. Яъне “саг меҷакад ва корвон ба роҳаш идома медиҳад”.  Як шиор дорад: “Ҳар кӣ аз дилу нияташ меёбад…” Ва ӯ ҳам аз дилу нияташ ёфтааст. Нияташ, ки нек буд, ба ҳама чиз ноил гашт. Соҳибқалам, соҳибмактаб, соҳибмулк , соҳибэҳтиром ва соҳиби фарзандони лоиқи замон ва хизматгори мардум.

Ин соҳибном Шариф Ҳамдампур аст, ки дар ин шабу рӯз  дар баробари нашрияи “Тоҷикистон” зодрӯз дорад. Баръакси гуфтаҳои устод Лоиқ  “ҷавонии ӯ нарафтааст”  ва эътимод дорам, ки боз солҳо ин ҷавонӣ  побарҷой хоҳад монд. Нашрия  25 — сола мешавад ва ӯ ҳам каме бештар аз ин сол дорад. Дар баробари ин марди воқеан ҳам Шариф,   чанд  нафар аз “командаи”  ӯ -ҳамкорон ва ҳампешаю ҳамрешаҳои ӯ низ дар ин айёми зебои табиат ба дунё омадаанд. Инҳо Масъуди Миршоҳӣ, Одили Нозир, Мирзои ронандаи нашрия ва Нигораю Нилуфар-кормандони бахши эълонҳои “Тоҷикистон” ҳастанд, ки  дар интихоби рӯзи мавлуди онҳо  волидонашон хато  накардаанд.Зодрӯз муборак, фарзандони “Тоҷикистон”! Ба  ҳамаатон  умри Хизр ва эҳтироми ҳамешагиро орзу дорам.

А.АҲМАДЗОДА

Муҳаррир

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *