Наимҷони Сайдалӣ зан гирифт(Акс)

Шоми 19-уми октябр дар тарабхонаи бошукуҳи «Ҳаят Реҷенсӣ» тӯйи хонадоршавии сарояндаи машҳур Наимҷони Сайдалӣ барпо гашт. Меҳмонони зиёде аз гӯшаву канорҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба табрики келину домод омада буданд ва дар байнашон чеҳраҳои шинохта ҳузур доштанд. Садриддини Наҷмиддин, Баҳром Ғафурӣ, Мино, Фаридуни Хуршед, Сарвиноз, Шаҳриёр, Ситораи Кароматулло, Шаҳзоди Даврон ва дигар ситораҳои эстрадаи тоҷик маҳфилро бо таронаҳои дилнишинашон тарабобод намуда, ба ин базми тӯёна шукуҳи хосе бахшиданд. Наимҷон иқрор шуд, ки ҳамсараш Наргисбонуро худаш интихоб намуда, аз рӯйи расму русуми тоҷикона ба ин паричеҳра хостгор фиристодааст ва инак, ҷашни муродашон дар ҳалқаи дӯстони ҷонӣ барпо гашта истодааст. Дар рӯзи тӯяш Наимҷон худро хушбахттарин инсони рӯйи замин шумурда аз ҳамаи меҳмонон изҳори сипос намуд, ки шодии ӯро қисмат намуда бо ҳузури хеш дар маҳфил ӯро сарафроз гардонидаанд.

Ёдрас мешавем, ки Наимҷони Сайдалӣ муддати 7 сол аст, ки рӯйи саҳнаи тоҷик ҳунарнамоӣ мекунад. Мухлисонаш ӯро бо сурудҳои “Ғарибӣ”, “Қиссаи ишқ”, “Модар”  шинохта, меҳрашро дар дилу дидаи худ ҷой додаанд. Ин сарояндаи ҷавон ҳамчун ҳофизи розу ниёзи муҳоҷирони тоҷик дар байни мардум машҳур буда, бархе ба ӯ “Муҳоҷир” лақаб ниҳодаанд. Тафсилоти тӯйи хонадоршавии “Муҳоҷир”-ро дар шумораи навбатии “Оила” мутолиа намуда аз тамошои расмҳои ин домоду арӯси хушбахт лаззат бибаред!

Рустам Азимӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

18 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *