Президент дар ҷанозаи Сафар Сафаров ширкат кард

 

Дар намози ҷанозаи Сафар Сафаров, собиқ муовини аввали Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон намояндагони воломақоми ҳукумати Тоҷикистон ва Туркия иштирок доштанд.

Намози ҷанозаи Сафар Сафаров дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе бо иштироки Рустами Эмомалӣ, раиси Оҷонсии зидди фасод, Ҳасан Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк”, Мевлют Човушоғлу, вазири умури хориҷии Туркия, Шоҳрух Саидов, раиси бошгоҳи “Истиқлол”, Абдуҷаббор Раҳмон, ёрдамчии Президент оид ба робита бо ҷомеа, Шерхон Салимзода, раиси Агентии назорати маводи мухаддир, Ғайбулло Афзал, собиқ раиси вилояти Хатлон, Исмоил Талбаков, раиси Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, Убайдулло Раҷаб, ҳунарманди маъруф, Нусратулло Салимзода, вазири тандурустӣ ва дигарон баргузор гардид.

Сафаров, собиқ раҳбари Дастгоҳи раисиҷумҳур, сафири Тоҷикистон дар Русия, ноиби раиси Маҷлиси намояндагон ва ноиби аввали раиси ҲХДТ имрӯз дар қабристони Сари Осиё ба хок супорида шуд.

Ӯ соати 01:00-и шаби гузашта дар синни 69 реҳлат кардааст. Ба гуфтаи наздикон, Сафаров чанд вақти ахир аз бемории қанд ранҷ мебурд.

Сафаров аз соли 2010 муовини якуми раиси ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон буд.

Сафар Сафаров 22 майи соли 1947 дар ноҳияи Темурмалик ба дунё омадааст. Соли 1970 Донишкадаи политехникии Тошкандро бо ихтисоси муҳандис-технолог ва соли 1983 мактаби олии ҳизбии Тошкандро хатм кардааст. Дар замоин Шӯравӣ бештар дар ниҳодҳои комсомоливу ҳизби коммунист кор карда, то мақоми котиби аввали кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Совет (ҳоло -Темурмалик) расида буд. Солҳои 1990-2000 вакили парлумон. Солҳои 2000-2001 раҳбари дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон. Аз соли 2001 сафири Тоҷикистон дар Русия ва соли 2007 намояндаи мухтори Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай таъйин шудааст. Аз соли 2007 то феврали соли 2010 муовини авали раиси Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон буд. Дорандаи ордени «Шараф» ва унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *