Намоҳанги ғайриоддии Аҳлиддини Фахриддин

Овозхони маъруфи тоҷик Аҳлиддини Фахриддин таронаи нави худро бо номи “Дарди ғарибӣ” дар ютубканали шахсиаш нашр кард.

Суруди “Дарди ғарибӣ” намоҳанг дорад, аммо намоҳанги ғайриоддӣ. Сароянда дар саҳнаи консертӣ намоҳанги таронаи навашро таҳия кардааст. Дар он дида мешавад, ки саҳна ба ду қисм ҷудо шудааст. Дар қисми аввал чанд модар вақти омода кардани шакароб ва дар қисми дуюм чанд муҳоҷирбача вақти фориғ аз кор нишон дода мешавад.

Дар оғоз фаҳмида мешавад, ки модарон бачаҳои муҳоҷир доранд ва онҳоро пазмон шудаанд. Инчунин, бачаҳои ғариб ҳам ба ёди ватану модар буда, тасмими ба хона рафтанро доранд.

Дар умум, намоҳанги мазкур табиӣ омадааст ва чунин шакли пешниҳод дар барномаҳои консертӣ ниҳоят кам ба назар мерасад. Аз ҷониби дигар, дар намоҳанг рафтору гуфтори нақшоварон ба матни суруд мувофиқ буда, онро як навъ пур кардаанд.

Таронаи “Дарди ғарибӣ” дар худ чунин мисраъҳо дорад:

Дарди ғарибиро танҳо ғариб донад,

Вақте аз ватану оча ӯ дур монад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *