Намоиши китобҳои Ҳиндустон дар Китобхонаи марказии илмии Академияи илмҳо (Аксҳо)

Бо ташаббуси Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Ҳиндустон дар шаҳри Душанбе ва Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон ба муносибати бузургдошти 70 – солагии Истиқлолияти Ҳиндустон ва 25 – солагии муносибатҳои дипломатии байни Ҳиндустону Тоҷикистон ҳафтаи намоиши китоби Ҳиндустон оғоз гардид, ки то 24 – уми августи соли равон идома хоҳад кард.

Тавре аз Китобхонаи Академияи илмҳо ба мо хабар доданд, ки намоишро директори Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодимуҳаммад Сӯфизода ифтитоҳ намуда, ҳозирин ва меҳмононро хайрамақдам намуд.

Дар намоиши китобҳои ҳиндӣ Сафири Кабири Ҳиндустон дар Душанбе ҷаноби Сомнатҳ Гҳош ва дигар кормандони сафорат, аъзои Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон, олимон аз пажӯҳигоҳҳои Академияи илмҳо, устодону шогирдон аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар ҳаводорони фарҳангу адаби Ҳинд ширкат намуданд.

Ҷаноби Сомнатҳ Гҳош дар суханронии хеш гуфт, ки пеш аз ҳама мехостам минатдории худро ба директори Китобхонаи Академияи илмҳо барои баргузории чунин маҳфили зебо ва барои ҳарду кишвар фоидаовар изҳор намоям. Ҷаноби сафир изҳор дошт, ки гарчанде Истиқлолияти кишвари мо ҳафтодсола шуд, ҳанӯз ҳам дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти малакатамон душвориҳои зиёде мавҷуданд. Гарчанде духтурон ва муаллимони ҳиндустониро дунё мешиносад, боз ҳам дар соҳаи тандурустию маориф мушкилиҳои зиёде мавҷуд аст. Агар мо ба таърихи Истиқлолияти Ҳиндустон назар кунем, хоҳем дид, ки он аз Истиқлолияти кишварҳои дигар ба куллӣ фарқ дорад, зеро мо дар оғози раванди истиқлолхоҳии кишварҳои олам қарор доштем.

Дар маҳфили мазкур ҳамчунин раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон Ҳабибулло Раҷабов суханронӣ намуда, ҳозиринро ба боздид аз китобҳои намоиш даъват кард.

  

   

   

   

   

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *