БДА: Бемор вазнин аст, аз наздиконаш дарак нест!

Табибони бемористони ёрии таъҷилӣ акси як марди дар садамаи нақлиёт осебдидаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштаанд. Вазъи мард вазнин аст. Табибон ва кормандони БДА хешовандону наздикони ӯро ҷустуҷӯ доранд.

Тавре ба хабарнигорон аз беморхонаи Ёрии таъҷилӣ хабар доданд, марди осебдидаи нимаи рӯзи 15 август ба бемористон оварда шуда, дар мавзеи гардишаи фурудгоҳ ба садамаи нақлиёт дучор шудааст.

«Мардро худи ронандаи автомашинае, ки ӯро пах кардааст, ба бемористон овард. Худи ҳамин рӯз ӯ ҷарроҳӣ шуд. Мард беҳуш аст. Сарашу ду поя ҷароҳат бардошта, ҳолаташ вазнин аст», — гуфтанд дар бемористон.

Бино ба маълумоти табибон, мард тахминан 50-сола буда, аз ӯ ягон ҳуҷҷате дарёфт нашудааст. Мард то ҳол ба ҳуш наомадааст.

Баҳри дарёфти пайвандону наздикони осебдида табибон тасмим гирифтаанд, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифола кунанд ва аксро бо ин мақсад гузоштаанд.

Дар шуъбаи БДА-и шаҳри Душанбе ба хабарнигорон ҳодисаи садамаи нақлиёти рӯзи 15 августро тасдиқ намуда, изҳор доштанд, ки дар ин ҳодиса марди 50-сола зери чархи автомашинаи тамғаи «Мерседес» монда, ронандаи ҳамин автомашина марди осебдидаро ба бемористон овардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *