Намоишномаи «Зол ва Рудоба» ба Эрон меравад
Намоишномаи «Зол ва Рудоба» барои иштирок дар Фестивали бонуфузи байналмилалии 42-юми «Фаҷр» дар Ҷумҳурии Исломии Эрон роҳхат гирифт.
Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба Pressa.tj хабар доданд.
Ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо намоишномаи «Зол ва Рудоба» аз рӯи асари “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар таҳияи Баҳром Қурбонзода, саҳнавигардонии Ҷумъа Қуддус бори аввал дар Фестивали байналмилалӣ “Фаҷр”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд.
Дар нақшҳои Зол Фирдавси Турдлиалӣ, Рудоба — Дилафрӯз Саидова, шоҳ Манучеҳр — Саидзода Отахон, шоҳ Сом — Муҳаммад Шомуддинов, Синдухт — Меҳрӣ Ҳоҷибоева, Комрон — Азизҷон Сайфуллоев ва дигарон бозӣ кардаанд.
Қиссаи ишқи Рудоба ва Зол (Золи Зар) яке аз достонҳои муассири ишқии «Шоҳнома» аст, ки дар риштаи умумии тасвироти қаҳрамонӣ ва эпикии асар ҷойи муайяне дорад.
Қобили зикр аст, ки ҳайати эҷодии театр бо намоишномаи «Зол ва Рудоба» соли 2023 дар озмуни театрҳои касбии ҷумҳурӣ – «Парасту» ширкат намуда, соҳиби ҷойи дувум гардиданд.
«Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид 16 июни соли 2023 пас аз тамошои намоишнома ба нақшофарии ҳунармандони театр баҳои баланд дода, таъкид дошт, ки таҷассуми таъриху фарҳанги пурифтихори миллат дар намоишномаҳои театрӣ яке аз василаҳои муаррифии он ба мардум, махсусан ба насли наврасу ҷавон мебошад»,-иттилоъ дод манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ