Донишҷӯи тоҷик дар Қазоқистон соҳиби Шоҳҷоиза ва медали тилло шуд

Магистранти Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон Умедҷон Амонӣ дар олимпиадаи байналмилалии адабӣ дар Қазоқистон соҳиби Шоҳҷоиза ва медали тилло шуд.

 Олимпиадаи байналмилалии адабӣ чанде пеш дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор гардид. Тавре ки аз Академияи идоракунии давлатӣ хабар доданд, дар олимпиадаи байналмилалии адабӣ намояндагони беш аз 60 мамлакати олам ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуда, ҷиҳати ба даст овардани пирӯзӣ рақобат намуданд.

Мақсад аз баргузории олимпиада — муаррифии чеҳраҳои ҷавони соҳиблаёқат дар самти илму адабиёти ҷаҳон дар байни мамлакатҳои қораи Осиё дар соли 2023 аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *