Намояндагони донишгоҳҳои хориҷӣ ба Хатлон омаданд

Имрӯз, 24 апрел дар шаҳри Бохтар аввалин “Фестивал- намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон — 2024″ баргузор гардид.  

Дар фестивали мавриди назар масъулини  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон,  Вазорати маориф ва илм ва Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ», намояндагони макотиби олии хориҷи кишвар ва хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар иштирок карданд.

 Дар ин рӯз аз ҷониби муассисаи таҳсилоти иловагии вилояти Хатлон намоиши ҳунарҳои мардумӣ пешниҳоди иштирокдорон карда шуд.

Ҳадаф аз баргузории Форум шартнома оид ба таҳсил ва табодули таҷриба миёни макотиби олии кишвар бо донишгоҳҳои хориҷ мебошад.

Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон ба Pressa.tj иттилоъ доданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *