Намояндаи Омбудсмен: «Дар бадани Бузургмеҳр осоре аз латту кӯб нест»
Намояндаи Ваколатдори ҳуқуқи инсон ё Омбудсмени Тоҷикистон гуфт, ки дар боздоштгоҳи ҷаримавӣ (картсер) бо вакили дифои маҳкумшуда ба 28 сол зиндон Бузургмеҳр Ёров мулоқот карда, бо вазъи саломати ӯ ошно шудааст. Ҳусниддин Нидоев, муовини Омбудсмени Тоҷикистон, рӯзи 11-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин мулоқот якуним соат дар утоқи раиси СИЗО-и рақами яки Вазорати адлия сурат гирифтааст.
«Ман бо Бузургмеҳр Ёров муфассал сӯҳбат кардам, масъалаи латту кӯбу азият аз тарафи кормандони СИЗО-ро пурсидам. Ӯ гуфт, ки ҳеҷ шикоят надорад ва ҳатто барои дилпуриам танашро ҳам хабар гирифтам. Осоре аз латту кӯб нест. Худаш гуфт, ки шикоят надорад. Баръакс, изҳори қаноатмандӣ кард, ки дар як камера барои шаш нафар ҳамроҳи чаҳор нафар меистад», — афзуд ӯ.
Ҳусниддин Нидоев дар посух ба ин суол, ки пас чаро ӯро ба картсер ё боздоштгоҳи ҷаримавӣ интиқол додаанд, гуфт, «вай тартиботи дохилии СИЗО-ро вайрон кардааст. Дар сӯҳбат худи Бузургмеҳр Ёров гуфт, ки дар ҳақиқат қоидаҳоро вайрон кардааст, дар СИЗО қоидаҳои беҳад бисёр ҳастанд. Бузургмеҳр изҳори нигаронӣ накард ва худаш гуфт, ки бар асоси қоида ӯро ба инҷо овардаанд».
Дар мавриди наҳваи пахши хабарҳо дар бораи латту кӯби Бузургмеҳр Ёров аз сӯи кормандони боздоштгоҳ, Ҳусниддин Нидоев аз қавли ин вакили дифоъ гуфт, вай аз чигуна пахш шудани ин хабарҳо бехабарӣ кардааст. Дар остонаи музокироти Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи башар, ки қарор аст ин ҳафта дар Душанбе баргузор шавад, созмони Human Rights Watch аз Иттиҳодияи Аврупо хост, ба Тоҷикистон фишор оваранд, то дар ин кишвар саркӯбҳои сиёсӣ хотима ёбанд.
Стив Свердлов, муҳаққиқи ин созмон дар умури Осиёи Марказӣ дар гузориши худ аз ҷумла аз сарнавишти вакилони дифоъ Шӯҳрат Қудратов, Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов изҳори нигаронӣ кард, ки ба навиштаи ӯ, бо ҳукмҳои ноодилона маҳкум ба зиндон шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, Ҳуриннисо Исҳоқова, модари Бузургмеҳр Ёров, рӯзи 11-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, аз идораи Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар тамос шуда, онҳоро аз вазъи Бузургмеҳр огоҳ карданд ва гуфтаанд, ки метавонанд барои ӯ ғизо баранд. “Ман бовар накардам, ки барои вай ғизо бурдан мумкин бошад, чунки вақте ба картсер интиқол ёфт, ҳар боре ғизо мебурдем, пас мегардонданд. Дирӯз баъд аз ҳарфи ваколатдор ҳамроҳи ҳамсараш ғизову либоси гарм бурдем, қабул карданд ва ҳатто нозирони СИЗО гуфтанд, ки ғизо овардан мумкин аст.»
Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои маҳкумшуда ба 28 сол зиндон, аз боздоштгоҳи муваққатӣ ё СИЗО рӯзи 28-уми сентябр барои нақзи тартибот ба боздоштгоҳи ҷаримавӣ (картсер) фиристода шуд ва чанд шабонарӯз дар онҷо буд. Садриддин Шарифзода, як масъули Боздоштгоҳи рақами яки Душанбе, рӯзи 4-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Бузургеҳр Ёров се бор қоида ё тартибу низоми боздоштгоҳро вайрон кард ва бино бар ҳамин, барои 15 шабонарӯз ба боздоштгоҳи ҷаримавӣ интиқол дода шуд.
“Вақте бори аввал қоидаи СИЗО-ро нақз кард, огоҳӣ дода будем. Бори дувум танбеҳ гирифт. Инак, бори севум ба боздоштгоҳи ҷаримавӣ фиристодем. Вале дар мавриди инки кадом қоридаи будубошро вайрон кардааст, шарҳ намедиҳам», — гуфта буд Садриддин Шарифзода.
Бузургмеҳр Ёров, ки баъди ҳимоят аз ҳуқуқи аъзои раёсати боздоштшудаи ҲНИТ дар соли 2015 дастгир шуд, дар маҷмӯъ ба 28 соли зиндон маҳкум гардидааст. Додгоҳ ҳукмҳои ӯро аз рӯи моддаҳои “даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти ифротгароӣ”, “беэҳтиромӣ ба намояндаи додгоҳ” ва “таҳқири намояндаи ҳокимият» исботшуда ва қонунӣ меномад. Ахиран Бузургмеҳр Ёров барои таҳқири президент ва қаллобӣ низ айбдор дониста шуд.
Бузургмеҳр Ёров ва наздиконаш ҳукми додгоҳҳои Тоҷикистонро дорои ангезаҳои сиёсӣ арзёбӣ карда гуфтанд, ки омодагии вай дар ҳимоят аз ҳуқуқи аъзои ҲНИТ дар тирамоҳи соли 2015, чанд ҳафта баъди “ғайриқонунӣ” ва “террористӣ” эълон шудани ҳизби сиёсӣ, боиси боздошт ва дар ҷиноятҳои содирнакарда гунаҳгор эълон шудани вай гардид.
Бознашр аз Озодӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ