Исфара: Кудаки дусола зери мошин монд

10-уми октябри соли 2017, тахминан соати 16:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Портер”, Ҳомидов Расул Назирович, соли таваллудаш 1975, сокини шаҳри Исфара, ҳангоми ба қафо ҳаракат кардан дар маҳаллаи Сари ҷари ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ба самти минтақаи Навбунёди шаҳри мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол, Акрамова Омина Валиевна, соли таваллудаш 2015, сокини кӯчаи Навбунёдро пахш намудааст.

Дар натиҷа пиёдагарди хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *