Эмомали Раҳмон масквагиҳоро қоил кард

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Россия дар рӯзҳои барояш душвор аз ҷониби Москва баҳои баланд гирифт, иброз дошт котиби матбуотии Президенти ФР Дмитрий Песков. Дар ин бора имрӯз агентии иттилоотии «Sputnik» хабар додааст.

«Ба сафари Эмомалӣ Раҳмон дар ин рӯзҳои барояш душвор аз ҷониби Москва баҳои баланд дода шуд. Шумо медонед, ки бародари калонии ӯ аз олам даргузашт. Ва ба ин нигоҳ накарда ӯ фурсат пайдо намуд, то ки  ба саммит ташриф биёрад ва бо Путин мулоқоти дуҷониба баргузор намояд», — гуфт Песков ба рӯзноманигорон.

Тавре қаблан иттилоъ дода шуд, дар оғози ин мулоқот, ки дар фазои ҳусни тафоҳум ва якдигарфаҳмӣ сурат гирифт, Сарвари Федератсияи Россия ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабаби марги бародарашон Нуриддин Раҳмон изҳори тасаллияту ҳамдардӣ баён дошт.

Дар суҳбат сарони ду давлат доир ба вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Россия табодули афкор намуданд.

Мулоқоти президентҳо дар арафаи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви ИДМ ва Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё доир гардид.

Тавре «Sputnik» хабар додааст, Президенти Россия Владимир Путин то 12 октябр бо сарони давлатҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон низ мулоқот мекунад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *