«Намози Салафӣ» пайравашро ба зиндон бурд
Додгоҳе дар вилояти Суғд як сокини маҳаллиро барои узвият дар ҷараёни мамнӯи “Салафия” муттаҳам ва ӯро ба 5,5 соли зиндон маҳкум кард. Дар ҷараёни мурофиа Абдулло Муҳиддинов гуфтааст, ки чунин тарзи намозгузориро дар масҷидҳои Русия ва ба пайравӣ аз муҳоҷирони қафқозӣ омӯхтааст ва дар давоми ду соли охири баъди бозгашташ аз муҳоҷират ба тарзи омӯхтаи худ намоз мехонд. Як дӯсти Муҳиддинов – Абдулатиф Ҳидоятов ҳам барои хабар надодан аз, ба қавли мақомот, ақидаҳои мамнӯи мазҳабии рафиқаш ба 8 моҳи зиндон маҳкум шуд.
Додгоҳи ноҳияи Ғафуров гуфт, ки гуноҳи сокини ҷамоати Исфисори ин ноҳия Абдулло Муҳиддинов дар пайравӣ аз равияи фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи Салафия ва тарғиби ақидаҳои ин созмон пурра исбот шуд. Ҷалолиддин Азизӣ, додраси додгоҳи Ғафуров ва масъули бозбинии парвандаи Муҳиддинову Ҳидоятов гуфтааст, мушкил на танҳо дар тарзи намозхонӣ, балки тарғиби ақидаҳои Салафӣ буд.
Ба гуфтаи ӯ, Муҳиддинов дар як корхонаи мебелсозӣ кор мекард ва “дар вақти намозхонӣ бо дӯстонаш ба намозгузории шариконаш эрод мегирад ва намозхонӣ ба тарзи “Салафия”-ро тарғиб мекунад. Дигар ягон амали экстремистӣ ё террористӣ анҷом надодааст, барои ҳамин фақат барои шомил шудан ба созмони “Салафия”, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон расман манъ карда шудааст, айбдор дониста шуд. Шарикаш, ки пайрави “Салафия” будани ӯро медонист, барои хабар надодан ба мақомоти дахлдор, мутобиқи Кодекси ҷиноӣ ҷазо гирифт.”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ