Дузди масолеҳи сохтмонӣ дастгир шуд

Ба ШВКД дар шаҳри Панҷакент, соҳибкор, марди 37-солаи сокини ҳамин шаҳр дар он хусус муроҷиат намудааст, ки рӯзи 27-уми декабри соли 2016, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ вориди дӯкони масолеҳи сохтмонфурӯшиаш шуда, аз он ҷо масолеҳи сохтмонӣ, ҷамъ ба маблағи умумии 5 ҳазору 360-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, ноболиғ, писарбачаи 17-солаи сокини кӯчаи А.Навоии шаҳри Панҷакент ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир гардид.
Айни замон корҳои тафтишотӣ идома дорад.
Ҳамин тариқ, ба мақомоти милитсия аризаи зани 32-солаи сокини шаҳри Кӯлоб дар он хусус ворид гардид, ки рӯзи 24-уми декабри соли 2016, шахси номаълум дар бозори “Саховат”-и ҳамин шаҳр, бо тариқи пинҳонӣ аз дохили кисааш 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг-Галакси С-5”, ки арзишаш 2000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
    Дар  натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ ҷавони 19-солаи сокини шаҳри Кӯлоб дастгир карда шуд. Далели шайъӣ гирифта шуд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *