Напардохтани алимент падарро паси панҷара бурд

Муносибати хуби хонаводагӣ дар тарбияи фарзанд саҳми бориз гузошта, ин ҳолат метавонад барои рушду нумуи фарзандон ва пешрафти онҳо дар зиндагӣ нақши созгор гузорад. Ҳолатҳои пароканда шудани оила гоҳо боиси парешонии фарзандон дар ҷомеа мегардад.

Тарбияи дурусту соҳибмаърифат гардидани фарзандон пеш аз ҳама ба уҳдаи волидон мебошад. Мутаассифона, ҳолатҳое рух медиҳанд, ки аз пароканда шудани оила фарзандон сарсону саргардон шуда, ҳолати руҳию равониашон заиф мегардад. Ба ин ҳаёту зиндагии парешони оилаи сокинони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Алимхону Парвина мисол шуда метавонад.

Алимхон Хамаев моҳи августи соли 2016 бо шаҳрванд Парвина Қурбонова — сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо расму оини мусулмонӣ ақди никоҳ баста, оила барпо намуда, аз муносибати оилавиашон соҳиби 2 фарзанд шуданд. Бо сабаби нофаҳмиҳо миёни ҳам ва муноқишаҳо муносибати оилавиашон қатъ гардида, моҳи январи соли 2018 аз якдигар ҷудо шуданд.

Тибқи ҳалномаи суд бояд Алимхон Хамаев ба фоидаи Парвина Қурбонова барои таъминоти фарзандони ноболиғаш барои ҳарду ҳар моҳ 260 сомонӣ пардохт менамуд, вале мутаассифона, ў ба муддати 17 моҳ аз пардохт кардани маблағи алименти таъиннамуда саркашӣ карда, дар маҷмуъ, маблағи қарз ба 4420 сомонӣ расидааст.

Суд ҳамаи ҳолатҳоро ба инобат гирифта, кирдори Алимхон Хамаевро бо моддаи 177, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон банду баст намуда, нисбати ў бо ин қисми модда ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 6 моҳ бо нигоҳ доштан дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми умумӣ таъин кард.

С. МИРЗОЗОДА, судяи Суди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *