Телефон хуб аст, вале…

Ҳаёти имрӯзаро бе телефони мобилӣ тасаввур кардан мумкин нест. Он дар бисёр ҳолатҳо мушкилкушову дастёр аст. Шукр, ҳоло хонае нест, ки дар он ду-се ва ё аз ин зиёдтар телефонҳои мобилӣ набошад.

Лек як чиз маро хело ба ташвиш меорад. Ба чандин оила меҳмон гашта, мушоҳида намудам, ки дар истифодаи телефонҳои мобилӣ калонсолон бепарвоянд. Телефонҳои қимматбаҳоро ба куҷое рост ояд, мегузоранд. Ҳамин тавр, он ба дасти хурдсолон меафтад ва ё баъзе волидайн телефонро бе ҳеҷ андеша ба кӯдак медиҳанд, то лаҳзае ором гирад, ҳатто тарзи истифодаи онро ёд ҳам медиҳанд. Аз он ки нури телефон ба ҷисму ҷони бача зарар мерасонад ва оянда вай ба бемориҳои гуногун гирифтор шуданаш аз эҳтимол дур нест, парвое надоранд. Чӣ тавре ҳамагон медонанд, мувофиқ ба қарори қабулшуда бо телефон ба мактабу донишгоҳ рафтани муҳассилин қатъиян манъ карда шудааст. Лекин на ҳама ин тартибро риоя мекунанд. Баъзе бачаҳо аснои танаффус намоишкорона телефонҳояшонро аз ҷузвдонҳои худ бароварда, барномаҳои мухталифро тамошо мекунанд, расм мегиранд, таъкид мекунанд, ки телефон доштани онҳоро касе ба муаллимон нагӯяд. Кас ба ҳайрат меафтад, ки наход падару модарон аз ин хабар надошта бошанд? Медонанд, вале бепарво ҳастанду вақте кор аз кор гузашт, сар ба куҷо заданро намедонанд. Пешгирии ҳодиса қабл аз вуқуъ магар осонтар нест?

Дар маҳаллаи мо ҳодисае ба амал омад, ки то ба ҳол мардум дар бораи он ҳарф мезананд. Зане ба меҳмонӣ рафтанӣ мешаваду фарзанди шашсолаашро ҳамроҳ мегирад. Сари роҳ шавҳари зан аз Русия занг мезанад. Писарак овози падарро мешунавад ва боисрор талаб мекунад, ки модараш телефонро ба ӯ диҳад. Зан дарҳол ин хоҳиши фарзандро ба ҷо меорад ва худ ҳам хам мешавад, то ба гуфтугӯ ҳамроҳ гардад. Ҳар ду ғарқи суҳбату бехабар аз худ ба миёнаи роҳ мебароянд. Ронандаи мошини сабукрав мошинро дошта натавониста, бачаро пахш мекунад. Дар они воҳид мардуми бисёре ҷамъ мешаванду афсӯсу надомат мекунанд. Хайрият, бача баъди чанд рӯзи табобат шифо ёфта, ба хонаашон баргашт ва шояд ин ҳодиса барои оилаи он зан ва ҳамаи онҳое, ки шоҳиди он буданд, сабақе гардид.

“Эҳтиёт — ними ҳаёт” гуфтаанд. Ба ҷойи ба бачаҳо бе зарурат телефонҳои пурарзиш харидану ба беназоратӣ роҳ додан дар истифодаи он магар китоб харидану онҳоро талқини китобхонӣ кардан, ки манбаи илму дониш аст, беҳтар нест?

А. БАҲОВАДДИНОВ, донишҷӯ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *