Нарх дар кӯдакистонҳо боло рафт

Аз 1 январи соли 2025 нархи нигоҳубини кӯдакон дар кӯдакистонҳои давлатии Тоҷикистон боло рафт.

Волидайн барои нигоҳубини фарзандашон дар Душанбе, Ҳуҷанд ва Бохтар 150 сомонӣ пардохт мекунанд. Қаблан ин 144 сомонӣ буд. Дар шаҳру ноҳияҳои дурдаст бошад, ба ҷойи 108 сомонӣ 112,5 сомонӣ месупоранд.

Болоравии арзиши нигоҳубини наврасон дар кӯдакистонҳо ба зиёд шудани нишондиҳанда барои ҳисобҳо аст. Агар соли соли 2024 як нишондиҳанда 72 сомонӣ буд, имсол ба 75 сомонӣ баробар шуд.

Масъулини Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯянд, ки маблағ барои кӯдакистонҳо бояд ғайринақдӣ пардохт шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *