Нархи қатори масири Тошканду Алмато коҳиш меёбад

Ба иттилои расонаҳои ӯзбекӣ, мусофирон аз 1 августи соли равон метавонанд билетҳоро бо нархи арзон бихаранд. Барои намуна, агар билет панҷ рӯз пеш харидорӣ шавад, нархи он 25% арзон хоҳад буд.

«Ӯзбекистон темир йулларӣ» ва «Қазоқистон темир жолӣ» ба созиш расиданд, ки нархи билети қатори баландсуръати «Тулпар – Талго»-ро поин баранд, ки дар масири «Тошканд – Алмато – Тошканд» ҳаракат мекунад.

Ба иттилои расонаҳои ӯзбекӣ, мусофирон аз 1 августи соли равон метавонанд билетҳоро бо нархи арзон бихаранд. Барои намуна, агар билет панҷ рӯз пеш харидорӣ шавад, нархи он 25% арзон хоҳад буд.

Тавре хадамоти матбуотии «Ӯзбекистон темир йулларӣ» иттилоъ дод, ширкат тасмим дорад, дар ояндаи наздик бори дигар поин бурдани нархи билетҳои «Тулпар – Талго» -ро баррасӣ кунад.

Қатори байналмилалии мусофирбари «Тулпар – Талго» дар масири мазкур моҳи марти соли 2017 ба ҳаракат даромад. Маросими ифтитоҳияи ин масир дар истгоҳи Алмато-2 пеш аз сафари президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Қазоқистон баргузор шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *