Нархи қатори масири Тошканду Алмато коҳиш меёбад
Ба иттилои расонаҳои ӯзбекӣ, мусофирон аз 1 августи соли равон метавонанд билетҳоро бо нархи арзон бихаранд. Барои намуна, агар билет панҷ рӯз пеш харидорӣ шавад, нархи он 25% арзон хоҳад буд.
“Ӯзбекистон темир йулларӣ” ва “Қазоқистон темир жолӣ” ба созиш расиданд, ки нархи билети қатори баландсуръати “Тулпар – Талго”-ро поин баранд, ки дар масири “Тошканд – Алмато – Тошканд” ҳаракат мекунад.
Ба иттилои расонаҳои ӯзбекӣ, мусофирон аз 1 августи соли равон метавонанд билетҳоро бо нархи арзон бихаранд. Барои намуна, агар билет панҷ рӯз пеш харидорӣ шавад, нархи он 25% арзон хоҳад буд.
Тавре хадамоти матбуотии “Ӯзбекистон темир йулларӣ” иттилоъ дод, ширкат тасмим дорад, дар ояндаи наздик бори дигар поин бурдани нархи билетҳои “Тулпар – Талго” -ро баррасӣ кунад.
Қатори байналмилалии мусофирбари “Тулпар – Талго” дар масири мазкур моҳи марти соли 2017 ба ҳаракат даромад. Маросими ифтитоҳияи ин масир дар истгоҳи Алмато-2 пеш аз сафари президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Қазоқистон баргузор шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ