Нархи чипта аз Русия ба Тоҷикистон поён рафт?

Тайи 10 рӯзи гузашта нархи чипта аз Русия ба Тоҷикистон хеле гарон шуда буд. Дар шабакаҳои интернетӣ нархи чипта ҳар хел нишон дода шудааст. Хоҳишмандам, ки ба ин масъала равшанӣ андозед.

АБДУҚАЮМ, шаҳри Панҷакент

— Пас аз эълони сафарбарии ҷузъии ҳарбӣ дар Русия, дар ду ҳафтаи ахир арзиши чиптаҳои ҳавопаймоӣ байни Русияву Тоҷикистон ба таври бесобиқа боло рафта, дастрас намудани он ҳам душвор гардид, вале ин шабу рӯз коҳиши нарх мушоҳида мешавад.

Агар дар 20-уми сентябр як чипта дар хатсайри Маскав — Душанбе дар ширкатҳои “Уралские авиалиний” ва “NordStar” 39 722 рубли русӣ арзиш дошт, имрӯз он ба 24 948 рубли русӣ поин омадааст.

Дар ҳамин ҳол, нархи парвозҳо аз Сургут (аз 24 675 то 28 985 рубл) ва Тюмен (аз 24 295 то 27 840 рубл) ба Душанбе нисбатан баландтар аст. Ба гуфти як фурӯшандаи нуқтаи чиптафурӯшӣ, аз ин ду шаҳри Русия ба Тоҷикистон нисбатан камтар сафар намудаанд. Ҳамин тавр, ба иттилои сомонаи расмии “Utair”, нахри чипта аз Санкт-Петербург ба Душанбе аз 22 880 то 26 910 рублро ташкил медиҳад. Аз Маскав ба Душанбе нархи чиптаи ин ширкат 24 948 рубл аст. Нархи чиптаҳои ширкати ҳавопаймоии “Уралские авиалиний” низ поин рафтааст. Имрӯз хатсайри Маскав — Душанбе аз 19 026 то 23 661 рубл арзиш дорад. То Хуҷанд рафтан боз ҳам арзонтар аст: аз 13 903 то 15 538 рубл.

Ҳамзамон, нархи чиптаҳои ҳавопаймо дар хатсайри Екатеринбург — Душанбе боз ҳам арзонтар ба назар мерасанд: аз 13 630 то 18 585 рубл.

Ширкати ватании “Сомон Эйр” нархи эконом-класс аз Маскав то Душанберо то 15-уми октябр 24 361 рубл муқаррар кардааст.

Дар хати парвози Самара — Душанбе парвоз кардан дар ширкати “Сомон Эйр” боз ҳам арзонтар аст. Он 18 366 рубл дар класси эконом муқаррар шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *