Нархи чиптаи ҳавопаймо боло рафт
Арзиши чиптаи ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон дар давоми тақрибан як соли охир беш аз 23 дар сад гарон шудааст.
Дар ин бора Оҷонсии омори Тоҷикистон дар гузориши тозаи худ хабар дод.Корафтодаҳо низ мегӯянд, ки агар соли гузашта ба ҳисоби миёна нархи билети ҳавопаймоҳо аз Душанбе ба Маскав 1300 сомонӣ буд, имсол аз 1700-1800 сомонӣ кам нест.Мақомоти Оҷонсии ҳавонавардӣ ё авиатсионии Тоҷикистон гаронии билети ҳавопаймоҳоро дар кишвар тасдиқ мекунанд. Азиз Набизода – муовини аввали раиси Оҷонсии ҳавонавардӣ – рӯзи 18-уми декабр гуфтааст,ки дар як соли охир ба далели гаронии нархи билет, ширкатҳои ҳавопаймоии кишвар бахше аз муштариёни худро аз даст додаанд.Ӯ афзуд, «мо тақрибан ҳамаи мусофирон дар водии Зарафшонро аз даст додаем. Онҳо парвозҳои худро тавассути фурудгоҳи шаҳри Самарқанд анҷом медиҳанд. Сокинони ноҳияҳои Исфараву Конибодом тавассути шаҳрҳои Ӯшу Бишкеки Қирғизистон сафар мекунанд. Сокинони Хуҷанду Мастчоҳу Ашт аз фурудгоҳи Тошканд истифода мекунанд».Нархи билети ҳавопаймоҳо дар Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Миёна гаронтарин ба шумор меравад ва ин як мояи интиқоди муҳоҷирони корӣ – мусофирони асосии ширкатҳои ҳавопаймоӣ – аст. Қимати билетҳо асосан дар мавсими баҳору тирамоҳ, вақти сафар ва бозгашти муҳоҷирон, боло меравад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ