Хушқадам дар ҷои аввал

Ширкати «Формула 55» овоздиҳии мухлисон барои муайян кардани беҳтарин варзишгарони солро натиҷагирӣ кард.

Ин овоздиҳӣ аз 26 ноябр то 15 декабр дар сомонаи ширкати «Формула 55» доир шуд. Барои дарёфти мақоми «Беҳтарин варзишгари соли 2018» 9 варзишгари шинохтаи тоҷик пешбарӣ шуда буданд.Бар асоси натиҷаҳои овоздиҳӣ, ҷои аввалро бо 6262 овоз гуштингири 25-сола Хушқадам Хусравов ба даст овард. Саидҷалол Саидов бо 3722 овоз ва Зуҳро Холова бо 1743 овоз соҳиби мақомҳои дуюм ва сеюм шуданд. Қаиқрон Шаҳриёр Даминов бо 1270 овоз дар ҷои чорум ва гурзандоз Дилшод Назаров бо 1171 овоз дар мақоми панҷум қарор гирифтанд.Дар ин овоздиҳӣ Комроншоҳи Устопириён 766 овоз, Беҳрӯз Хоҷазода 688 овоз ба даст оварда, ду довталаби дигар – Аъзам Ғаффоров ва Муҳриддин Ҳасанов мутаносибан соҳиби 313 ва 210 овоз шуданд.Маросими тақдими ҷоизаи «Варзишгари беҳтарини соли 2018» аз ҷониби ширкати «Формула 55» соли оянда доир мешавад.Хушқадам Хусравов, зодаи ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буда, 25 сол дорад. Ӯ хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон аст. Хушқадам Хусравов моҳи ноябри соли 2018 дар чемпионати ҷаҳон оид ба гуштини самбо дар шаҳри Бухарести Руминия соҳиби медали тилло ва унвони қаҳрамони ҷаҳон шуд.Хушқадам Хусравов сеюмини қаҳрамони ҷаҳон дар гуштиши самбо аз Тоҷикистон аст. Соли 1975 ин унвонро Саидмӯъмин Раҳимов, соли 2017 Беҳрӯз Хоҷазода ва имсол Хушқадам Хусравов ба даст оварданд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *