Шарҳи Хадамот дар мавриди болоравии нархи газ
Хадамоти зиддинҳисории Тоҷикистон сабаби аслии боло рафтани нархи сӯзишвории гази моеъро шарҳ дод. Мақомоти ин ниҳод мегӯянд, ки ширкатҳои қазоқистонӣ нархи як тонна гази моеъро аз 384 доллари қаблӣ то ба 587 доллар боло бурдаанд.
Носир Акмалзода, роҳбари раёсати Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ки бахши аъзами гази моеъ аз тариқи ин минтақа ба кишвар ворид мешавад, рӯзи 22-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ду сабаб боиси гарон шудани нархи гази моеъ шуд.
Ӯ гуфт, бештари гази моеъ ба Тоҷикистон аз Қазоқистон ворид мешавад. «Аввал ин, ки нархи гази моеъ дар ин кишвар қимат шудааст ва дуввум воридоти гази моеъ ба кишвар кам шуд. Ҳар ду ин омил боиси гарон шудани нархи гази моеъ дар Тоҷикистон шуд»,-афзуд вай.
Акмалзода гуфт, ду ширкати қазоқистонӣ ба Тоҷикистон газ мефурӯхтанд ва онҳо нархи як тонна гази моеъро аз 384 доллар қаблӣ то ба 587 доллар боло бурдаанд. «Ин ширкатҳои қазоқистонӣ ҳамин хел нарх гузошта ва мегӯянд, ки агар харед нарх ҳамин, нахоҳед не», мегӯяд Акмалзода.
Ин масъули Хадамоти зиддинҳисории Тоҷикистон гуфт, бинобар зуд- зуд тағйир ёфтани нархи гази моеъ, ширкатҳои Тоҷикистон ҳам аз эҳтиёт кор гирифта, воридоти онро коҳиш додаанд. Дар ҳамин ҳол, нархи гази моеъ, ки беш аз 60 дарсади нақлиёт дар Тоҷикистон аз он истифода мекунад, дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳри Душанбе ба 4 сомониву 30- 60 дирам расидааст.
Таъсири болоравии нарх аллакай дар кори мусофирбарҳои ҷамъиятӣ таъсир гузоштааст. Аксар ронандаҳои мошинҳое, ки бо истифода аз гази моеъ ҳаракат мекунанд, мегӯянд, дар шароити баамаломада ночор ҳастанд нархи хидматрасониро боло баранд. Ин ҳолат боиси норизоияти мусофирон мешавад.
Тибқи иттилои мақомоти Тоҷикистон талаботи кишвар ба гази моеъ дар як моҳ ҳудуди 30 ҳазор тонна ва дар дар як сол 360 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Соли гузашта ба Тоҷикистон 350 ҳазор тонна гази моеъ ворид шудааст. Беш аз 70 дарсади ин навъи сӯзишворӣ ба кишвар аз Қазоқистон ворид мешавад ва боқимондаи онро аз Русия, Туркманистон ва Қирғизистон меоранд.
Мақомот мегӯянд, гази моеъ нисбат ба дигар навъҳои сӯзишворӣ талаботи зиёд дорад ва маҳз афзоиши тақозо ва кам шудани он сабаби боло рафтани қиматҳо мешавад. Аммо коршиносон мегӯянд, набуди рақобат дар бозори сӯзишворӣ яке аз сабабҳои болоравии нархи гази моеъ ва навъҳои дигари сӯзишворӣ дар Тоҷикистон аст.
Бознашр аз Озодӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ