Намоз Йога аст

Тарбияи ҷиcму рӯҳ ё наздик шудан ба Худо?

21 июн Рӯзи ҷаҳонии йога аст. Ин фаъолият дар Тоҷикистон солҳои охир пайдо шуда, имрӯз пайравони худро пайдо кардааст. Ҳатто соли 1986 аз ҷониби Абдулваҳоб Собиров Ассотсиатсияи йогҳои Тоҷикистон ташкил шуда, дар ин замина чандин китобҳо ҳам ба нашр расид. Барои огоҳ шудан аз вазъи ин намуди фаъолият дар кишвар бо чанд нафар аз йогҳо ҳамсуҳбат шудем.

Ман дигар дору намехӯрам  

-Вазни ман ба 108 килограмм мерасид. Шумо агар се сол пеш ба хонаам мерафтед, он вақт медидед, ки хонаи ман мисли “аптека” шуда буду организмам мисли лабораторияи таҷрибавӣ. Фишорам доимо баланд мешуд. Ҳар бор, ки фишор баланд мешуд, ба дил зур меомаду ба  сихзанӣ медаромад. Аз ҳисоби вазни зиёд гирифтори бемории диабети қанд шудам. Умуман, худро ҳеҷ вақт бардам ҳис намекардам. Ҳамин хел шуд, ки бо Абдуваҳоб Собиров шинос шудам ва он кас маро барои тамрини йога таклиф намуданд. Се сол боз  тамрин мекунам. Баъди он як дона доруро ҳам ба даҳонам набурдам, чунки дигар фишорам баланд намешавад. Баъди тамринҳои доимии йога вазнамро партофтам ва қанд дар организмам зиёд намешавад.  Ман акнун солим ҳастам ва доимо таъбам болида аст, — бо ҳавас нақл мекунад Сулаймон Рашидов

Даст кашидан аз нозу неъмат

Маҳбуба Очилова, яке аз мухлисони ин навъи тамрин иброз намуд, ки йога барои ман, пеш аз ҳама, ин тарбияи бадан аст: “Ман аз хӯрокҳои сунъӣ тамомоман даст кашидаам. Ҳатто гӯшт намехӯрам. Мева ва сабзавоти тарутоза ғизои ҳамешагии ман аст. Агар ғайр аз инҳоро истеъмол кунам, худро нороҳат ҳис мекунам, ва ҳазм намудани онҳо бароям душвор аст. Баъди ба йога машғул шудан вазнам кам шуд. Синну солам ба ҷое расидааст, вале озодона қадам мезанам ва ҷисмам бардам аст. Бо чандин занҳо вохӯрдаам, ки аз ман ҷавонтар ҳастанд, вале роҳгардӣ барояшон хеле душвор аст. Пас аз каме пиёда гаштан нафасгирияшон душвор мешавад. Чӣ лозим худро чунин азоб додан? Беҳтар нест худро тарбият кунем? Ғайр аз ин йога хушбахт буданро ёд медиҳад.”

Йога — усули табобат

Абдуваҳоб Собиров, раиси Ассотсиатсияи йогҳои Тоҷикистон ва   устоди ин навъи машғулият, ки сӣ сол боз ба йога машғул аст, мегӯяд, ки йогаро метавон ҳамчун унсури табобати баъзе бемориҳо истифода кард: “Чанд сол пеш ба назди ман як духтарчаи 16 — соларо оварданд, ки ҳангоми сӯзандору кардан сӯзан ба торҳои асаб мерасаду пояш аз кор мемонад ва оҳиста – оҳиста хушк шудан мегирад. Духтурон буридани пояшро тавсия медиҳанд. Ман аз ин қазия огоҳ шуда, табобати ӯро ба гардан гирифтам, аммо якчанд шарт гузоштам. Аввал, волидайнаш ба ғайри фармудаҳои ман кори дигар намекунанд Дувум, падару модар ҳамроҳи духтарашон омада, бояд тамрин мекарданд, то дар хона ҳам ҳамроҳаш машқ кунанд. Ва охир ба ӯ парҳез фармудам. Ин духтарак баъди чанд муддат, дар натиҷаи тамрини доимӣ, парҳез ва кӯшишҳои зиёд тамоман сиҳат шуд. Акнун роҳ меравад ва ҳаёти солим дорад”.

         Доктори илмҳои тиб Муқим Раҳматов изҳор намуд, ки ҳамроҳи дӯсташ, ки аз бемории асаб азият мекашиду хоб надошт, ба тамрини йога машғул шуданд.

“Ӯ аз ман хоҳиш намуд, ки ба тамрини йога машғул шавем. Ва ман барои дастгирии ӯ ба  ин ҷо  омадам. Қариб як сол шуд, ки тамрин мекунем. Дар аввал бароям душвор буд. Мо як соати расо машқ мекунем. Тоқат кардан мушкил буд, аммо акнун машқ накунам, бемор мешавам. Танам озурда мешавад. Дар илми тиб, барои чандин намуди беморӣ, алалхусус, барои  беморони асаб аз физиотерапия истифода мекунанд, аммо йога барояшон бегона аст. Ман дигаронро табобат мекунам, аммо барои табобати худ ба йога машғул мешавам”.

Мӯъмин мегӯяд, ки йога фоидаи зиёд дорад, бинобар ин беҳтар мебуд, тибби муасир аз он ба таври комил истифода барад.

Йога ва ислом

Йога як навъи тамрини бадан ва рӯҳ мебошад. Пешвоёни мусалмонҳои дунё ин навъи машғулиятро хилофи дин меҳисобанд, чунки он аз индуизм маншаъ мегирад. Аммо  мухлисони йога бар он ақидаанд, ки тамрини машқҳои йога инсонро бо Худо наздик месозад. Баъди чанд вақти машғул шудан бо йога кас аз нозу неъматҳои дунявӣ даст кашида рӯҳу ҷисмашро ба Худо мебахшад.

Абдулваҳоб Собиров бошад мегӯяд, ки йога ба дини ислом ҳеҷ гуна мухолифат надорад. “Ман ҳамроҳи аҳли оилаам ба йога машғулем ва алҳамдуллилоҳ ҳамаамон мусалмону ҳоҷием. Худи ман чандкарата ҳоҷӣ ҳастам. Худи намоз ҳам як навъи йога аст.” – мегӯяд ӯ.

 Йога ҳам як навъи санҷиши ирода ва варзиш аст. Ба ин навъи варзиш ҳамагон дастрасӣ пайдо карда метавонанд. Фақат таҳаммул ва иродаи қавӣ лозим асту халос.

Саодат РОЗИҚЗОДА,

“Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *