Нархи маҳсулот дар бозори Гипрозем 15% қимат аст
Дар замони муносибатҳои бозорӣ тамоми рукнҳои хоҷагидорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ карда мешаванд. Бахусус, нисбати рушди фаъолияти соҳибкорӣ аз тарафи давлат имкониятҳои муфиди рушдёбӣ, аз қабили додани қарзҳои имтиёзнок тавассути ташкилотҳои бонкӣ, гузаронидани тренинг ва машваратҳо бобати пайдо намудани маърифати соҳибкорӣ, озод шудан аз пардохтҳои гумрукии содиротӣ, ташкили ҷойҳои муосири мубодилаи молӣ пешниҳод шудаанд. Ҳамаи ин намуди фаъолият мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти соҳибкорӣ” бояд ба амал бароварда шаванд. Фаъолияти соҳибкорӣ, ки худ фаъолияти манфиатовар мебошад, бояд манфиати тарафайн аз ҷониби фурӯшанда ва харидор риоя карда шавад. Аммо мутаассифона дар аксарияти ҳолатҳо дар бозорҳои дохилии пойтахт нархҳо баланд мегарданд. Ин гуна болоравии нархҳо бахусус дар мавриди љашнгирии идҳо ва арафаи моҳи шарифи Рамазон ба чашм мерасад. Ҳол он ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти шаҳри Душанбе оид ба назорат ва танзими нархҳо чорабиниҳои гуногуншакл гузаронида шуда, оид ба тартиби нархгузорӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сохторҳои назорати бозору дӯконхои пойтахт гузаронида шудааст.
Алҳол, ки мо дар арафаи оғози моҳи шарифи Рамазон қарор дорем, дар бозору дӯконҳои шаҳри Душанбе якбора нархҳо боло рафтаанд. Дар ин замина аз ҷониби мутахассисони соҳа таҳлили қиёсии нархҳо дар бозорҳои пойтахт санаи 25.05.2017 сол гузаронида шуд.
Вобаста ба ин муайян гардид, ки дар бозори “Сомон” (Деҳқон)-и пойтахт, ки дар шаҳраки Гипрозем ҷойгир аст, чунин нарх нисбати маҳсулоти хӯрокворӣ гузошта шудааст:
- орд 155-160 сомонӣ;
- гӯшти гов 1 кг – аз 30 то 36 сомонӣ вобаста ба сифат;
- гӯшти гӯсфанд 1 кг — 35 сомонӣ;
- равған аз 48 то 55 сомонӣ (5-литр);
- картошка 1 кг – 4 сомонӣ;
- пиёз-1 кг аз 1сомонию 80дирам то 2 сомонӣ;
- биринҷ 1 кг аз 7 то 15 сомонӣ;
- сабзӣ 1 кг 3 сомонӣ;
- помидор 1 кг 5-6 сомонӣ;
- чой 1 кг 30 сомонӣ;
- тухм 1 дона аз 65 -80 дирам;
Чунин нархгузорӣ дар ҳолате дида мешавад, ки аз тарафи мақомотҳои дахлдори назорат ва танзими нархҳо дар ин рӯз чораҳои мушаххас амалӣ гардида буд. Яъне дар рафти рейди махсуси мақомотҳои дахлдори шаҳри Душанбе чунин намуди нархҳо гузошта шуда буданд, ки ба воқеияти мубодилаи маҳсулотҳо мувофиқ намекардаанд.
Нархҳо дар бозори дохилӣ бошад, назар ба бозори яклухт, яъне бозори “Сомон” (Деҳқон) 10-15% баландтар мебошад. Бо мурури дуртар шудан аз бозори фурӯши яклухти маҳсулот нархҳо то андозаи 50-70% баландтар мушоҳида мешавад.
Мушоҳида нишон дод, ки баъзе соҳибкорон мувофиқи нархномаи мондашуда моли худро намефурӯхтанд, яъне баръакс онҳо маҳсулоти худро пинҳонӣ бо нархи гарон ба муомилот мебароварданд. Чунин ҳолатҳо аз ҳисоби баъзе тоҷироне, ки онҳоро Ҳоҷӣ ном мебурданд, мушоњида карда мешуд, ки ин аз беинсофии ин афрод дарак медиҳад. Дар ин маврид ба хулосае омадан мумкин аст, ки беинсофии фурӯшандаҳо дар ҳар иду ҷашнҳо мушоҳида мегардад. Вобаста ба ин тамоми тоҷирон ва соҳибкоронро мебояд аз шароит ва имкониятҳои таъминнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самаранок истифода бурда, дар чорчубаи қонунҳои амалкунанда ва адлу инсофи инсонӣ фаъолияти худашонро идома диҳанд.
Чуноне, ки шоир гуфтааст:
Эй ки мегӯӣ мусулмонам, ба ту бовар кунам,
Бандаи бо файзу раҳмонам, ба ту бовар кунам.
Метарошӣ сояи худ рӯи санге, ки манам,
Дар амал бе айбу нуқсонам, ба ту бовар кунам.
Ҷома пушу риш мон, дастор банду рост гуй,
Ҳоҷие аз аҳли шайтонам ба ту бовар кунам.
Чун забонат булбулоҳангу дилат зоғи сиёҳ,
Худ худо донад, намедонам ба ту бовар кунам.
Профессори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, доктори илмҳои кишоварзӣ, Назаров Н.Э.
Мудири кафедраи гумрук ва муқовимат бо коррупсияи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, номзади илмҳои иқтисодиёт, дотсент Нидоев П.Ф.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ