Зарнигори Зар: Зани ягон вазир нестам!

Зарнигори Зар тавонист дар як муддати кутоҳ бо чанд суруди дилнишинаш дар дилу дидаи мардум ҷой гирад. Вақте мо озмуни “Оҳанги ҷавонӣ”-ро эълон намудем, мухлисонаш аввалин шуда, ин фариштаи дилрабою ширинсадоро ба озмун пешбарӣ намуданд. Барои гирифтани розигии худи Зарнигор мо ба ӯ занг задем.

-Зарнигорбону, салом! Шуморо аз ҳафтаномаи “Оила” ташвиш медиҳем.

 -Воалейкум салом! Ба ёдатон мерасидем а?

-Шумо ҳамеша дар ёди мо ҳастед, вале ҳеҷ фурсат намешуд, ки бо шумо дар тамос гашта аз ҳолу аҳволатон пурсон шавем. Дирӯз чанд мухлисон шуморо ба озмуни “Оҳани ҷавонӣ” пешбарӣ намуданд ва мо бо ҳамин баҳона ба шумо занг задем, то фаҳмем, ки ин шабу рӯз банди чӣ корҳо ҳастед…

-Аз озмуни наватон хабар дорам. Ҳафтаи гузашта газетаро варақ зада, чашмам ба ин озмун афтида буд.

-“Оила”-ро мехонам, гӯед?

-Албатта мехонам! Ин газетаи шумо бо қиссаҳои давомдор ва маводҳои аҷибаш маро чунон ба худ гирифтор кардааст, ки як ҳафта нахонам, чизеро гум кардагӣ барин беқарор мешавам.

Розӣ ҳастед, ки номатонро ба рӯйхати довталабони озмун дохил кунем?

-Албатта розӣ! Ман худам фикр карда истода будам, ки ягон “тағо” ёфта номамро дар рӯйхат дохил кунам.

Ташвиш накашед, мухлисонатон аллакай ба шумо тағогӣ карданд!

-Садқаи мухлисони вафодорам шавам-э!

-Медонед-а, дар ин озмун ба ғайр аз мухлисон боз ҳайати ҳакамон ба ҳунари ҳар як сароянда баҳо медиҳанд…

-Шумо беташвиш номи маро навиштан гиред, Худо хоҳад, ҳакамонатонро қоил мекунам!

-Шумо бисёр духтари шӯх будаед! Биёед андак ҷиддӣ суҳбат кунем.

-Гӯшам ба шумо, ҳарчи мехоҳед, пурсед.

-Суруди аввалинатон моли хонум Манижаи Давлат буд. Ин таронаро аз Манижа харидед ё туҳфа карданд?

-“Ман бе ту менолам, бидон” дар ҳақиқат моли Манижаи Давлат аст, вале ин аввалин суруди ман набуд. Пеш аз ин тарона ман се суруди дигарро ба мухлисон пешкаш карда, баҳои хуб гирифта будам. Дар мавриди таърихи тавлиди ин тарона ҳарф задан намехоҳам. Бигзор ин сир махфӣ монад.

-Зарнигор, шумо бисёр нозпарвард ба назар мерасед. Дар оила фарзанди ягона ҳастед?

-(Механдад) Ман дар ҳақиқат хеле эрка ҳастем, вале фарзанди ягонаи волидонам нестам. Як додарча дорам, ки бисёр дӯсташ медорам.

-Мегӯянд, ки Зарнигор бе иҷозати модараш ҳатто як қадам ҳам  намегузорад. Бештари сарояндаҳо аз ҷумлаи ҷавонони бо китфу бозу муҳофиз мегиранд. Магар модаратон варзишгаранд, ки шумо он касро муҳофиз гирифтаед?

-Модарам телех не, продюсери ман ҳастанд. Он кас шабро шабу рӯзро рӯз нагуфта барои таблиғи ҳунари ман заҳмат мекашанд. Мардум маҳз туфайли меҳнати модарҷонам маро шинохтанд, аз ҳамин хотир ман бе маслиҳати модарам ягон қадам намегузорам.

-Тӯйи арӯсиятонро бе кормандони “Оила” хӯрдед, акнун гӯед, ки домодтӯра чикораанд? Ба сарояндагии шумо монеагӣ эҷод намекунанд?

-Зид нестанд, баръакс дастгирӣ мекунанд, то ҳунари ман пеш равад.

-Мегӯянд, ки Зарнигор зани вазир аст?  

-Зани ягон вазир нестам, шавҳари ман корчаллон аст.

-Мухлисонатон мегӯянд, ки Зарнигорро тез-тез бо мошинҳои гуногуни хориҷӣ мебинем. Ин ҳама давлату савлат аз ҳисоби кист?

-Пинҳон намекунам, пушти мо зӯр гузаштагӣ. Падарам, шодравон Мирзоусмон яке аз соҳибкори номдори шаҳри Хуҷанд буданд. Аз ҳамин хотир, вақте ба ҷодаи санъат қадам ниҳодам, ман ба худ лақаби “Зарнигори Зар”-ро  гирифтам.

-Ман бойдухтар ҳастам гуфта, каттагӣ карда мегардам, гӯед?!

-Сабаби бо мошинҳои гуногуни хориҷи гаштани ман ҳеҷ гоҳ худамро  реклама кардан набуд ва нест. Мошинсавориро дӯст медорам, аз ҳамин сабаб як рӯз бо мошини худам гардам, рӯзи дигар бо мошини шавҳарам мегардаму рӯзи сеюм мошини модарамро. Аз нишастан дар сари чанбараки мошинҳои гуногун кайфият мебарам.

-Мехостам дар интиҳо таманниётатонро ба ҷавонон бидонам.

-Орзуи ман ҳамин аст, ки ҷавонони тоҷик дар дил чӣ нияте, ки дошта бошанд, дар Соли ҷавонон тамоми орзуҳояшон ҷомаи амал бипӯшанд ва номи тоҷикро дар арсаи ҷаҳон баланд бардоранд!

-Шумо низ муваффақ ва комёб бошед!

Суҳбаторо: Рустам Азимӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *