Нархи шакар коми харидорро талх кард
Як хислати аҷиб дорам, ки шаб то пеш аз хоб лимучой нанӯшам, хобам намебарад. Аммо ҳамин ҳафтаи гузашта ин одати бадам бисёр асабонӣ кард.
Баъди хӯроки шом як филми бадеӣ дидаму дар тараддуди хоб кардан афтодам. Нимто лимуро дар истакон реза карда, шакаргиракро аз назар гузаронидам. Шакар тамом шудааст, камакак олудагие девораи қуттӣ дораду тамом. Аммо кироӣ нест. Зеро, ман дар як истакон лимучой 3 қошуқча шакар мерезам, вале ҳар қадар қуттии шакаргиракро тарошаму харошам, як қошуқча шакар ҳам ҳосил нашуд. Гуфти бачаҳои замонавӣ, “сар — пар вайрон шуд”. Истакони лимучойи туршро дуртар тела дода, гуфтам, ки “пагоҳ аз “Ашан” даҳ кило шакар мегирам” ва мисли кӯдакони қаҳркунак сарамро таги курпа кардам…
Гарчанде рӯзи якшанбе, ба истилоҳ, “рӯзи истироҳатӣ” аст, дар маркази бузурги савдои “Ашан”, хусусан дар растаи шакар кам одамон ба назар мерасанд. Чун ба ин марказ омаданам ҳадафмандона аст, рост сӯйи растаи шакар мешитобам. Мерасам ва умеди ширинам дар комам талх мешавад. Як кило шакари майдареза 13 сомониву 95 дирам! Дар ҳоле, ки чанд рӯз пештар ҳамин навъи он аз 11 сомониву 50 дирам боло набуд…
Мехоҳам аз ин растаи “ширин” дур шавам, вале ҳамин вақт назарам ба харидори чун банда шакардӯстдори дигаре дакка мехӯрад, ки бо эҳтиросу асабоният ангушти ишоратияшро гоҳ ҷониби шакар ва гоҳе тарафи ходими хидматгузори “Ашан” “таппонча” мекунад.
— Охир, беинсофӣ ҳам ҳадду ҳудуд дорад, наход…
— Истед, муҳтарам мизоҷ,- сухани харидорро чун ғози асал аз даҳонаш мегирад ходими “Ашан”,- айб дар ош не, дар мош аст. Чӣ, магар огоҳ нестед, ки Покистон, як кишвари калидии истеҳсолкунандаи шакар содироти ин навъи шириниро манъ кард? Андак одам не, худи сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф ин тасмимро гирифт! Роҳбарияти Қазоқистон ҳам гуфтаанд, ки аз ин баъд афти шакару қандро ба “бегонаҳо” нишон намедиҳанд!
— Гапро кам кун, шумо аз онҳо ягон камӣ надоред!,- ба шӯр омад харидор ва рӯй ҷониби гузаргоҳи ҳисоббарорӣ оварду сабади мисли каллаи баъзе математикҳои тоҷик холияшро гузошту гузашт.
Ман ҳам бо дасти холӣ, сабукак аз гузаргоҳ гузаштам ва ба истгоҳ расида, интизори нақлиёт нишастам. Микроавтобуси №2 маро рост ба бозори “Меҳргон” бурд. Бозор пур аз одам буд, ба қавли бобои Раҳим, “одамони бекорчӣ”. Касе чизе намехарид, ҳама тамошо мекарданд. Фақат тамошо. Гӯё аз ғурбати янгаҳо гурехтаву рӯз кӯр карда истода бошанд…
Чашмони тезбинам дар растаҳои бозор танҳову танҳо шакар меҷӯянд. Аммо, нест. Аз фурӯшандае, ки одатан шакар мехаридам, мепурсам:
— Шакар надоред?
— Не,- посух медиҳад ӯ ва илова мекунад, ки фақат қанди сафед дорад.
Сабаб мепурсам. Мегӯяд:
— Як лингча доштам, дина хона бурдам, барои мураббо пухтан.
— Бало зад гӯед!? Аз ҳоло мавсими мураббопазӣ оғоз шуда бошад, ба фикрам чанд рӯз пас ҳамин қандашро ҳам намеёбем а?,- аз ҷони баромада шӯхӣ мекунам ман.
— Хайр, чӣ илоҷ!? Айби мо ҳам не ку!,- китф дарҳам мекашад фурӯшанда.
— Рост мегӯяд, бечора!,- ин дам ба гӯш мерасад садои марди ношиносе, ки шоҳиди гуфтугузори мо будааст.
Гашта ба қафо менигарам. Мехоҳам соҳиби ин сухани таскиндиҳандаи фурӯшандаро бишносам. Марди миёнасолест, ки мисли ман талабгори шакар менамояд, дар даст як халтаи селофании “Тангем” дорад. Чун мебинад, ки авзои ман беҷост, боз луқма мепартояд:
— Рост, охир. Дар Тоҷикистон шакар ё қанд истеҳсол намешавад ку! Агар огоҳ бошед, Хадамоти гумрук хабар дода буд, ки дар семоҳаи аввали соли 2022 ба Тоҷикистон 19,5 ҳазор тонна шакар ва маснуоти қаннодӣ ворид шудааст. Ин барои кӯдакони ширинидӯстдори тоҷик чӣ мешавад!?
— Пас, чӣ кор кунем!? Аз ширинӣ даст кашем?,- башиддат ва бо кароҳат мепурсам ман.
Марди ношинос чанд сония хомӯш мемонад, бо нӯги панҷаи дасти рост сарашро мехорад ва ба сухан гуфтан оғоз мекунад:
— Соли 1992 як ширкати чинӣ бояд дар вилояти Хатлон корхонаи истеҳсоли шакар таъсис медод, аммо ин кор амалӣ нашуд. Ҳоло як роҳ аст. Пешниҳоди Пажуҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро дастгирӣ кардан лозим. Ин пажуҳишгоҳ пешниҳод кардааст, ки барои бо шакари итеҳсоли ватанӣ таъмин намудани аҳолӣ бояд кишти васеи лаблабуи қанд ба роҳ монда шавад…
Мо дар ин гуфтугӯ, ки овози ғазаболуди модари фурӯшанда баланд мешавад:
— Ҳой, бача, нагуфтам, ки қандчойи маро дар ягон ҷойи соз мон, то нарезад!?…
Ҳис кардам, ки аз нӯги ангуштон то оринҷи дастам кам-кам тар шуд. Чашмонамро нимроғ кардаму баъди наззораи атроф фаҳмидам, ки лимучойи шаб канори ҷойхоб гузоштаам чаппа шудааст.
Ба соддагии худ хандидам ва боз экстрасенс Холиқназар Ҷумъазода ба ёдам омад. Худ ба худ гуфтам, ки “ман аниқ аз тарси монополистон аз Русия шакару аз Ҳиндустон найшакар ворид карда наметавонам, вале ӯ дар таъбири ин хоб чӣ мегуфта бошад?”.
Фазлиддин АСОЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ