Ранги зард хазони матбуот нест! Чанд таъбир ба хоби ошуфтаи Фазлиддин Асозода

Муҳтарам Фазлиддин Асозода! Нахуст мехоҳам ба арзи шумо расонам, ки ба назарам шумо ба фолбину таъбиргӯйҳо ва ҳатто ба мо — экстрасенсҳо эътимод надоред. Оҳанги баёни хобатон исботи ин гуфтаҳост, ки нисбат ба касби мо ҳатто эҳтиром намегузоред. Аммо хуб медонед, ки шумо ҳанӯз хоби мазкурро надида, маҳз ман дидани онро пешгӯӣ карда будам. Ва боз ишора мекунам, ки агар ба маслиҳату пешниҳодҳои ман гӯш накунед, хобҳои аз ин бадтар шуморо интизоранд. Хобҳое, ки дар охир шуморо комилан ба мо — фолбинҳову экстарасенҳо тобеъ мегардонанд. Ба қавли кампири Хадича, “Худо аз ҳаминаш паноҳ диҳад”!

Бармегардем сари хоби навбатӣ, ки онро хоби парешон мегӯянд.

Шумо агарчи онро боз аз бозору нархи гарон оғоз кардед, вале хоб шуморо сӯи дӯкони нашрияфурӯшӣ бурд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки маоши шумо ба фурӯши ҳамон нашрияҳо вобастагӣ дорад. То нашрияҳо ба фурӯш рафтаву шумо пул нагиред, сӯи бозор рафта наметавонед ва дар чунин ҳолат на блоки иқтисодиву на блокҳои дигар ба шумо кумак карда наметавонанд. Ин ки суоли худро бо “Ранги матбуоти тоҷикро кӣ зард кард?” шуруъ намудед, хуб аст. Зеро дар хоб дидани дӯкони нашрияфурӯшӣ барои рӯзноманигор як чизи маъмулӣ аст. Охир, шумо ҳамеша бо матбуот сарукор доред ва ҳатто аксар вақт шабҳо дар оғӯши нашрия хоб мекунед.

Агарчи ранги зардро дар ҳама таъбирномаҳо чун фасли поизу хазон тафсир мекунанд, вале фикр мекунам, дар хоби шумо ин таъбир дуруст намегирад. Ранги зард инҷо метавонад чанд тобиши дигар дошта бошад:

Нахуст, сабаби зард гаштани нашрияҳо метавонад ба сигору нос ва дигар чизҳое вобаста бошад, ки феълан дар дӯконҳои нашрияфурӯшӣ ба савдо гузоштаанд. Бахусус ҳамин нос ва сигор ҳама чизро зуд зард мекунанд. Агар бовар накунед, як ба дандонҳои онҳое нигаред, ки сигор ё нос мекашанд.

Дуюм, зардӣ дар хоб метавонад ба он гувоҳӣ диҳад, ки аксари нашрияҳо аз навиштани матолиби ҷиддӣ ва таҳлиливу сиёсӣ даст кашида, асосан ба қиссаву ривоятҳо ва ишқу ошиқӣ рӯ овардаанд. Мисли навиштаҳои шумо.

Ва акнун баргардем ба сари масоили “бузу бузғолаи худатон”. Агарчи онҳоро дар хоб надидед, вале медонед барои чӣ нақлро маҳз аз ҳамин бузу бузғолаҳо шуруъ кардед? Чанд сол пеш дар Файзобод барои мо бузеро куштанӣ будед, вале накуштед. Ин ҳамон буз аст, ки акнун чанд бузу буғзолаи дигаре ба вуҷуд овард. Акнун вакти он фаро расидааст, ки аке аз онҳоро хун карда, гӯшташро ба хонаи мо фиристед ё ёру дӯстонро даъват карда, мушкилкушо кунед. Рост мегӯям, бовар кунед, то бузро накушед ва гӯшташро ба мо нафиристед, ҳеҷ ҳамдардие ба ин ё он хадамот ба шумо кумак намекунад.

Лекин хулосаи зеринатон маро дар тааҷҷуб гузошт: «Чун дарк кардам, ки агар вазъият ҳамин бошад ва ниҳодҳои пешгоми иқтисодиву иҷтимоии кишвар боз ҳам натавонанд аз уҳдаи таъминоти ниёзҳои аҳолӣ бароянд, беҳтараш мутантан, ҳатто бо шиор эълон менамоям, ки аз ин баъд «кам мехӯрам, зиёд мехонам!».

Камхӯрӣ дар хоб нишонаи он аст, ки то ба ин наздикиҳо шумо дар бедорӣ на аз хӯрдан ва на аз хондан сер шуда наметавонед. Зеро бо шиками гурусна хондан фоидае надорад. Беҳуда нагуфтаанд, ки “беморро хоб мебараду гуруснаро не”. Шумо хоб дидед. Ин маънои онро дорад, ки шумо ҳанӯз серед ва хобатон хуб бурдааст. Агар гурусна мебудед, на хоб мебурду на хоб медидед.

Вале аз хобҳои шумо ман як сирри наверо кашф карда истодаам. Чаро хулосаҳои шумо бештар хусусияти сиёсӣ мегиранд? Чаро шумо таъбирашро аз масъулини ин ё он вазорат меҷӯед? Дар хоби гузашта аз гаронии нархи маҳсулоти хӯрока шикоят карда, таъбирашро аз блоки иқтисодӣ пурсидед, вале, таъбир он шуд, ки ман гуфтам. Яъне нархҳо аз хоби дидаи шумо ҳам болотар рафт, вале касе онро пешгирӣ карда натавонист. Ин маротиб аз андоз шикоят доред, ки «баъзе давлатҳо матбуоташонро аз андозҳо озод мекунанд, дар Тоҷикистони азизи мо ноширон 15 % андози арзиши иловашуда, 23 % аз фоида, 20 % андози иҷтимоӣ ва 12 % андоз аз даромад месупоранд. Шояд нафаре пайдо шаваду барои содда кардани андозбандии ВАО пешниҳоде намояд?»

О, ВАО-ро ин қадар содда карда, «матбуоти зард сохтед» басанда нест, ки боз андозбандии онро содда кунед!? Ҳамин мураккабиаш хуб нест, ки ба қавли бобои раҳматии ман, худи андозчинҳо ҳам баъзан дар ҳисобаш мушкилӣ мекашанд?

Дар охир, дар хоб ба овозаҳо такя карда гуфтаед, ки гап-гап ҳаст, ки Вазорати фарҳанг мехоҳад бори гарони андози матбуотро сабук созад». Воқеан, хестед, ки хобед. Вазорати фарҳанг даҳ сол боз ҳаққи китоби «Парандаҳои муҳоҷир»-и маро аз нашриёти «Ирфон» рӯёнида дода наметавонаду андози шуморо кам мекунад? Ин хобатонро ба мо — фолбинҳо не, фақат ба об гӯед!

Хулоса, чи тавре худатон гуфтед, “аксари пешниҳодҳоятон қабул намешавад”. Ин аст, ки хайру саховатро бештар кунед, гоҳ-гоҳ мо — экстрасенсҳоро гӯш кунед. Алҳол ҷинҳои ман дар таъбири хоби шумо ҳамин қадар раҳнамоӣ карданд. Агар дастмузд зиёдтар шавад, илҳоми ҷинҳо ҳам шояд бештар ояд.

Экстрасенс Холиқназар ҶУМЪАЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *