Наркомафия дар Суғд ошкор ва аъзоёнаш дастгир шуданд

Диловар Ғоибов, сардори шӯъбачаи тафтишоти шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар чорчӯби тафтиши парвандаи пурсарусадои қочоқи 82 кило маводи мухаддир таҳти бозпурсӣ қарор гирифтааст. Диловар Ғоибов қаблан ҷоизаи «Беҳтарин муфаттиш дар соли 2015”-и вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро ба даст оварда буд.

Манобеи сомонаи «Ахбор” мегӯянд, Диловар Ғоибов, сардори шӯъбачаи тафтишоти шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва як корманди ваколатдори шӯъбаи кофтукови ҷиноӣ дар идораи милисаи ин ноҳия дар робита ба парвандаи пурсарусадои қочоқи 82 кило маводи мухаддир ҳамчун гумонбар ба ширкат дар ин қочоқ таҳти бозҷӯии мақомоти раёсати Агентии мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд қарор гирифтаанд.

Рӯзи 30 ноябр дар раёсати мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд дар сӯҳбат бо сомонаи «Ахбор” хабари бозпурсии Диловар Ғоибовро тасдиқ карданд, вале гуфтанд, ки хабарҳо дар бораи гӯё фирор кардани ӯву ҳамкораш, ки низ таҳти бозҷӯӣ қарор гирифтааст, асос надоранд: «Омада рафта истодааст ба бозпурсӣ. Ягонҷо нагурехтааст Ғоибов.”

Майор Диловар Ғоибов дар соли 2015 дар озмуни вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҷоизаи «Беҳтарин муфаттиш дар соли 2015”-ро ба даст оварда буд. Сомонаи раасмии вазорати дохила бо эълони исми ғолиби озмуни солона навишт: «Ғоибов Диловар Валиҷонович санаи 9 мартисоли 1985 дар ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли 2002 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Чкаловро бо баҳои аълохатм намудааст. Соли 2002 бо роҳхати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонба курси 1 Академияи Вазорати корҳои дохилии Федератсия Россия дар шаҳриВолгоград дохил шуда, соли 2007 бо дипломи аъло ин донишгоҳро хатм кардааст. Пасаз хатми Академия мазкур моҳи майи соли 2008 бо Фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъоляти кориашро дар вазифаи муфаттиши шӯъбачаи тафтишотии ШВКД дарноҳияи Б.Ғафуров оғоз намуд.”

Қаблан дар бораи боздошти сардори шӯъбачаи мубориза бо маводи мухаддир (ОБНОН)-и шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ гузориш шуда буд. Гуфта мешавад, ки ӯ барои пинҳон кардани бархе аъзои як шабакаи қочоқбари маводи мухаддир, ки асосан кормандони милисаро муттаҳид мекард, 3000 доллар пора гирифтааст. Ба зидди ин афсари баландпояи милиса бар асоси моддаи 319-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми гирифтани пора парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.

Боздошту бозҷӯии кормандони милиса дар вилояти Суғд рӯзи 22 ноябр, дар пайи боздошти майор Руслан Шарипов, ваколатдори шӯъбачаи кофтукови ҷиноии ШВКД дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби маъмурони раёсати мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд оғоз ёфт. Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 27 ноябр Руслан Шарипов ва ду корманди дигари милиса, ҳамчунин Муҳаммад Шарифов, сокини ҷамоати Палдораки ноҳияи Мастчоҳро ба ҳабс гирифт. Гуфта мешавад, ки ин шабакаи қочоқбар дар тӯли чандин сол ба қочоқи маводи мухаддир машғул будааст.

Хабари боздошти кормандони милиса дар шимоли Тоҷикистон бо иттиҳоми қочоқи беш аз 80 кило маводи мухаддирро аввалин шуда, сомонаи «Ахбор” алакай дар ҳамон рӯзи 22 ноябр нашр кард. Як рӯз баъд Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон бо тасдиқи ин гузориши «Ахбор” хабар дод, ки кормандони раёсати мубориза бо коррупсияи дар вилояти Суғд дар ҷараёни як амалиёт аз фаъолияти як гурӯҳи муташаккили нашъаҷалоб ҷилавгирӣ кардаанд. Бино ба ин манбаъ, ин шабакаи қочоқбари ошкоршуда дар ҳудуди вилояти Суғд «бо роҳбарии шаҳрванд Шарифов Муҳаммад Шарифович санаи таваллудаш 01-феврали соли 1976 зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Мастчоҳ, Ҷамоати деҳоти Палдорак, кучаи Зарафшон хонаи №5, бо маслиҳати пешакӣ бо ваколатдори калони оперативии ШКҶ ШВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Шарипов Руслан Алимович санаи таваллудаш 11-феврали соли 1978 сокини шаҳри Хуҷанд маҳаллаи 19, бинои 6, ҳучраи 35, ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор машғул буданд.”

Рӯзи 22 ноябр ба кормандони Агентии мубориза бо коррупсия муяссар шудааст, ки Муҳаммад Шарифов ва Руслан Шариповро бо далелҳои шайъӣ дастгир кунанд: «Санаи 22 ноябри соли 2017 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативи-ҷустуҷуӣ Шарифов Муҳаммад Шарифович ва ваколатдори калони оперативии ШКҶ ШВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Шарипов Руслан Алимович зимни муомилоти ғайриқонунии воситаи нашъадор дастгир гардида, аз онҳо ба миқдори 34 кг. 759 грамм воситаи нашъадори афюн ва 47кг. 157 грамм воситаи нашъадори ҳашиш, ки ҷамъи умумии онҳо 81 кг. 916 граммро ташкил медиҳад, дарёфт ва мусодира карда шуд.”

Ба зидди Муҳаммад Шарифов, Руслан Шарипов ва ду корманди дигари милиса бар асоси қисми чоруми моддаи 200-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми хариду фурӯши маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.

Ин бори аввал нест, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон худ бо иттиҳоми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир дастгир мешаванд.

Бознашр аз «Ахбор!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *