Нармию гармӣ пешорӯи муносибати Тоҷикистону Ӯзбекистон аст?

“Ба ин савол ҳанӯз ҷавоб гуфтан барвақт аст”, — мегӯянд баъзе аз таҳлилгарони масоили сиёсии Осиёи Марказӣ бо назардошти интихоботи дар пешистодаи Ӯзбекистон. Аммо тавре ки мардум мегӯянд, “омади сол аз баҳораш маълум аст”.  Ҳамчунин маълум аст, ки дар ин интихобот шонси бештарро кӣ соҳиб асту сиёсати дохилию хориҷии ҳамсоякишвари моро кӣ муайян хоҳад кард. Сухан дар бораи  собиқ сарвазири Ӯзбекистон ва ҳоло иҷрокунандаи вазифаи президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев меравад. Ба гумони ғолиб, пас аз каме бештар аз як моҳ ибораи “иҷрокунандаи вазифа”  қабл аз номи   ӯ бардошта  хоҳад  шуд ва инро аксари кулли сиёсатшиносон пешгӯӣ  мекунанд. Албатта,  мардуми ин кишвар киро ба ҳайси роҳбари худ  интихоб мекунанд, кори дохилии онҳост, аммо аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ ба яке аз кишварҳои муҳими Осиёи Марказӣ Мирзиёев нишон дод, ки хостори муносибати дӯстона ва ҳамсоягии нек бо кишварҳои ҳамҷавор мебошад. Қабл аз ҳама, ин дар рафтору гуфтори ӯ ва амалҳое, ки дар ин самт ба анҷом мерасонад, дида мешавад.  Дар рӯзҳои аввале, ки ӯ зимоми давлатдориро ба даст гирифт, вазири  корҳои хориҷии кишварашро ба Тоҷикистон фиристод ва сари масъалаҳои муҳими муносибати дуҷониба бо Роҳбари Тоҷикистон  гуфтугӯ намуд ва ин падидаи аввалин дар чанд соли охир аст. Ҳамчунин, ӯ изҳор дошт, ки аз натиҷаи сафари Абдулазиз Комилов ба Душанбе розӣ аст. Ҳафтаи гузашта бошад, як гурӯҳ тоҷирону соҳибкорони фарғонагӣ ба вилояти Суғд сафар намуданд ва бо фаъолияти чандин корхонаву пешравиҳои ин вилояти  аз ҳама бештар бо Ӯзбекистон марздоштаи Тоҷикистон ошно гардиданд. Дар ин муддат боз сафари вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Тошканд сурат гирифт, ки ҳарчанд баҳонааш дигар буд, аммо дар ҳошияи нишастҳои дар ин ҷо баргузоршуда вохӯрӣ бо намояндагони ҳукумати Ӯзбекистон низ баргузор шуд. Яъне, дар муддати андаке зиёдтар аз як моҳ Тоҷикистону Ӯзбекистон бо ҳамдигар чанд қадами дигар  наздиктар шуданд. Албатта, рахна кардани он девори ҷудоие, ки тайи чандин сол бардошта шуд, кори осон нест, вале агар об ҳам чакра-чакра ба санги хоро рехтан гирад, оқибат он сангро сӯрох мекунад. Вале амалҳои охирини ҳарду ҷониб гувоҳӣ аз он медиҳанд, ки  ин девор ба зудӣ аз байн бардошта хоҳад шуд ва  роҳбари ояндаи Ӯзбекистон сари ин масъала пайрави ҳамтои собиқи худ нахоҳад буд ва натанҳо бо Тоҷикистон, балки бо Қирғизистон, ки муносибатҳояш он қадар сода набуд, ҳамкориро ба роҳ мондааст.  Агар ин тавр шавад, кишварҳои моро чӣ интизор аст?  Қабл аз ҳама, дубора барқарор гардидани муносибатҳои иқтисодӣ. Боз дар бозорҳои  Қаршию Бухоро себи Ғармро хоҳем диду дар ошхонаи тоҷикистонӣ гази Газлии Зарафшон хоҳад сӯхт. Низоми виза   байни ин ду кишвар барҳам мехӯрад ва хешу ақрабои солҳо аз дидори ҳамдигар маҳруммонда  бе мамониат ба дидорбинии ҳамдигар хоҳанд рафт. Роҳҳо ва дилҳо боз мегаранд, равобити  фарҳангӣ мисли пештара  бе “ ин аз ману он аз ту” хоҳад шуд ва пайванди фарҳангии “ду миллату як халқ” эътироф мегардад. Бо маслиҳат оби минтақаро бо ҳам мебинанд ва аз он ҳарду тараф суд мебардоранд. Хулоса, ду бародар  сари як табақи ош менишинанд. Ин амри таъриху зарурати таърихӣ  аст ва сари бисёр масъалаҳо мушкилоти кишварҳои Осиёи Марказӣ якхела буда, ҳалли дастаҷамъонаро мехоҳад.  Оё чунин мешавад?  Мешавад, агар ҳусни таваҷҷуҳ ба ҳамдигар коста нагардад ва агар ба қавли коршиносон, нафаре,ки ин яхро об кардан мехоҳад, ба сари ҳукумати Ӯзбекистон ояд. Албатта, мушкилоти зиёде ва ҳамдигарнофаҳмиҳо дар муносибати байни ду давлати соҳибистиқлол зиёданд, вале бо музокироти тарафайн ҳамаи онҳоро паси сар кардан мумкин аст. Барои ин танҳо иродаи сиёсӣ ва ҷасорати сиёсӣ зарур аст, ки, мутаассифона, аз ҷониби роҳбарони собиқи Ӯзбекистон то ба наздикиҳо дида намешуд…

А.АҲМАДЗОДА,

 

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *