Донишҷӯй бо «BMW X5»-и бобояш кӯдаи 11 соларо пахш кард

          Санаи  21 октябр дар Хуҷанд кӯдаки 11 сола дар пайи бархӯрд ба нақлиёти тамғаи «BMW X5» ба ҳалокат расид. Садама дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ, ки аз маҳаллаи 27-и Хуҷанд мегузарад ба вуқӯъ пайваст. Ронанда донишҷӯи 17 солаи яке аз донишгоҳҳои олии Суғд буда нақлиёти тамғаи «BMW X5» низ аз они бобояш будааст. Бар замми ин бозрасӣ мегӯяд, донишҷӯй ҳуҷҷати ронандагӣ надошта бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста кӯдаки хурдсолро пахш кардааст. Оид ба оқибати ҳодиса дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” маълумоти мухтасар хоҳем дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *