Фаррух Зиёзода

Нашъамандон дар Суғд кам шудаанд. 20 нафари онҳо фавтидаанд

Дар вилояти Суғд 877 нафар нашъамандон дар давоми соли 2022 ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбати соли 2021-ум 9 нафар кам мебошад. Аз ҳама зиёд теъдоди беморони нашъаманд дар шаҳри Хуҷанд ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи оморҳои расмии Маркази наркологии вилояти Суғд, дар шаҳри Хуҷанд 220 нафар ҳамчун нашъаманд номнавис гардидаанд.

Ба ғайр аз шаҳри Хуҷанд дар шаҳрҳои Панҷакент, Исфара, Истаравашан ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров теъдоди нашъамандон аз 50 нафар зиёд мебошад. Аз теъдоди умумии нашъамандон 22 нафарашонро занон ташкил медиҳад. Дар ин бора Фаррух Зиёзода — сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд зимни баргузории нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.

“Теъдоди нашъамандон сол то сол кам шуда истодааст. Хурсандиовар аст, ки дар давоми ду соли охир бемории нашъамандӣ байни ноболиғон ба қайд гирифта нашудааст”,- гуфт сардухтури Маркази наркологии вилояти Суғд.

Мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар ду ноҳияи вилоят — Шаҳристон ва Куҳистони Мастчоҳ ягон бемори нашъаманд ба қайд гирифта нашудааст.

Дар давоми соли гузашта 20 нафар нашъмандони вилояти Суғд аз сабабҳои гуногун фавтидаанд. Табибон фавти нашъамандонро ба бемориҳои сактаи дил, норасоии кори гурдаҳо, ҷигар ва мағзи сар рабт додаанд.

Фаррух УСМОНОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *