Нашри 1500-уми “Тоҷикистон” муборак!
Хонандаи азиз!
Инак, шумораи 1500-уми ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар дасти туст. Муборак бод!
30 сол аст, ки “Тоҷикистон” баробари Тоҷикистони соҳибистиқлол қадам мезанад ва чун оинаи тамомнамо дастоварду муваффақиятҳои кишварро инъикос мекунад; камбудиҳоеро, ки чун садди фӯлодин монеъи рушду нумуъ ҳастанд, фош месозад ва роҳи ҳали онҳоро меҷӯяд.
Хонандаи азиз!
Ту ин ҳақиқатро кайҳо дарк кардаӣ. Медонӣ, ки ҳадафи “Тоҷикистон” як аст — саҳм гузоштан барои рушди Тоҷикистон. Роҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар 1500 шумораи “Тоҷикистон”, ки дар давраҳои гуногун аз 8 то 88 саҳифа ба нашр расидааст, сабт гардидааст. “Тоҷикистон”-ро метавон таърихномаи Тоҷикистон унвон кард.
Аслан, дар ин 1500 шумора ҳайати эҷодии “Тоҷикистон” пайи анҷоми рисолати хеш талош доштанд: пешниҳоди иттилооти саҳеҳ, даъват ба роҳи рост, ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдат, ва талош баҳри ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол. Ҳоло низ ҳафтаномаи «Тоҷикистон» умдатарин масоили соҳаи маориф, тандурустӣ, иқтисодиёт, фарҳанг, иҷтимоиёт, сиёсат, маънавиёт ва ғайраро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. “Тоҷикистон” мактаби эътирофшудаи журналистӣ аст. Тӯли солҳои мавҷудият дар домони ин нашрия даҳҳо журналистони ҳирфаӣ ба камол расидаанд ва ба ин даргоҳ то ба имрӯз арҷ мегузоранд.
Хонандаи азиз!
Нашри шумораи 1500-умин асосан ҷашни ту аст. Маҳз таваҷҷуҳ ва алоқамандии туст, ки аз шумораи 1 то 1500-и “Тоҷикистон” нашр мешавад. Барои ҳайати эҷодӣ ин санаҳо масъулият меафзояд: мабод рӯзе, ки боварии туро аз даст бидиҳем ва ниёзи туро бароварда накунем. Мабод он рӯз, ки ту нашри “Тоҷикистон”-ро бесаброна интизор нашавӣ…
Хонандаи азиз!
Нашри шумораи 1500-уми “Тоҷикистон” ба рӯзҳои таҷлили 30-солагии нашрия иттифоқ афтод. Ин шумора оғози таҷлили ҷашни 30-солагии “Тоҷикистон” хоҳад буд.
Орзу дорем, ки садсолаҳо осмони Тоҷикистони азиз софу беғубор, истиқлоли мо пойдор, парчами миллиамон парафшон ва нашри “Тоҷикистон” мудаввом бошад!
Дар ростои 30-солагии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” аз ҳамкорони собиқ ва муаллифони доимии он хоҳиш менамоем, ки хотирот ва таманниёти худро ба суроғаи зерин: [email protected] ё кӯчаи Шоҳтемур 61, даромадгоҳи 2, офиси 102 ирсол намоянд.
Рӯзнома зиёд, “Тоҷикистон” яктост!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ