Хатлон: Бақияи қарзи андоз кам карда шуд

Феълан дар вилояти Хатлон бақияи қарзи андоз наздики 172 миллион сомонӣ аст. Дар аввали соли 2022 бақияи қарзи андоз бештар аз 182 миллиону 700 ҳазор сомонӣ будааст.

Сангин Саидзода, сардори шуъбаи баҳисобгирӣ ва таҳлили даромадҳои Раёсати андоз дар вилояти Хатлон гуфт, ки давоми соли равон бо пурзӯр кардани кор бақияи қарзи андоз каму беш 10 миллион сомонӣ кам карда шудааст.

Ӯ мегӯяд, ки дар аввали сол қарз 182 миллону 789 ҳазор сомонӣ буд. Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ бақияи қарзи андоз ба 171 миллиону 739 ҳазор сомонӣ паст карда шудааст.

“Мутаассифона, дар нуҳ моҳи соли равон ноҳияҳои Шаҳритус, Дӯстӣ, Панҷ ва Ҷалолиддини Балхӣ бақияи қарзи андозро ба ҷойи кам кардан зиёд намудаанд”,- афзуд ӯ.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *