Нашри 4 китоб доир ба устод Айнӣ
Имрӯзҳо дар саросари кишвар таҷлили 145-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ ҷараён дорад. Ба ин муносибат дар Душанбеву Хуҷанд 4 китоби арзишманд ба нашр расид.
1. “Назаре ба публитсистикаи сиёсии устод Айнӣ” — китоби нави номзади илми филология Эҳсон Сафарзода (Душанбе, 2023. — 102 с.)
Китоб фарогири ду бахш буда, бахши аввал “Заминаҳои публитсистикаи сиёсии устод Айнӣ (дар асоси маводи “Шуълаи инқилоб” ва повести “Ҷаллодони Бухоро”) ва бахши дуюм “Худшиносии миллӣ, сиёсат ва Шарқ дар публитсистикаи С. Айнӣ” номгузорӣ шудааст.
Дар бахши аввал фаъолияти устод Айнӣ дар маҷаллаи “Шуълаи инқилоб” ва повести “Ҷаллодони Бухоро” ва дар бахши дуюм мақолаҳои устод Айнӣ — “Масъалаи Шарқ”, “Аҳволи Эрон”, “Ҳукумати Шӯроии Туркистон ва масъалаи Шарқ”, “Бархез, Шарқи мазлум, ки урдуи Шарқ расид”, “Инқилоби байналмилал, мамлакатҳои Туркия, Ҳиндустон ва Афғонистон” ва чанде дигар мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода шудааст.
2. “Ҷойгоҳи Садриддин Айнӣ дар рушди забон ва адабиёти тоҷик” – маҷмуаи мақолаҳои илмии аҳли таҳқиқ, донишмандони ҳавзаҳои гуногуни Тоҷикистон (Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд), ҳамзамон Ҷумҳурии Ӯзбекистон буда аз ҷониби Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти назари ректори муассиса, профессор Усмонзода Аюб Ислом дар 600 саҳифа ба нашр расидааст. Дар мақолаҳои маҷмӯа, ки ба қалами олимони саршинос таалуқ дорад, нақши устод Айнӣ дар рушди забону адабиёт ва фарҳангу маънавиёти миллати тоҷик нишон дода шудааст.
2. «Ҷавҳари Айнӣ: дастранҷи пажӯҳишҳои айнишиносӣ» – рисолаи нави адабиётшиноси маъруф Субҳони Аъзамзод дар 350 сафҳа. Рисола маҳсули андешаҳои нигоранда дар фосилаи солҳои гуногун аст, ки тарҳи он асосан дар заминаи нақду назархоҳиҳои устод Садриддин Айнӣ ба миён омадааст. Ин таҳқиқ бо усули таҷдиди назар ба масъалаҳои таърихи адабиёт ва нақди адабии садаи ХХ, хоса нигоҳи тоза ба рӯзгор ва мероси илмии Садриддин Айнӣ ба миён омадааст.
Рисола, аз чор боб – “Сарчашмаҳои фикрӣ, нақди сиёсат ва замон”, “Мероси адабӣ ва дидгоҳҳои нақди адабӣ”, “Нақди осори айнишиносӣ”, “Дар ҳалқаи ҷонпайвандии устод Айнӣ” ва пешгуфтору замима иборат аст.
3. “Садриддин Айнӣ ва равандҳои рушди адабиёти миллӣ” – китоби нави адабиётшинос, устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров Ромизи Абдуллоҳ аст. Маҷмӯа аз чаҳор мақола – «Истиқболи Садриддин Айнӣ аз шоирони сабки ҳиндӣ”, “Усули тазкиранависӣ дар “Ёддоштҳо”-и устод Садриддин Айнӣ”, “Масоили таҳрири адабӣ дар мисоли мактуботи Садриддин Айнӣ бо Абулқосим Лоҳутӣ”, “Симои устод Айнӣ дар ёддоштҳои Ҷалол Икромӣ” иборат аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ