Нашри китоби нави Сорбон бахшида ба 85-солагии нависанда
Бахшида ба 85-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон, Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Сорбон китоби нави ӯ таҳти унвони “Даричаи дил” ба нашр расид.
“Даричаи дил” чанд сол қабл дар маҷаллаи “Садои Шарқ” чоп шуда буд ва бори нахуст дар шакли китоб чоп мешавад. Он армуғонест ба ҷашни 85-солагии устод Сорбон.
Ёдовар мешавем, ки бахшида ба 85-солагии нависанда Сорбон 30 январ дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳамоиш баргузор мешавад.
Сорбон, Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ муаллифи қиссаву романҳои маъруфи «Занги аввал», «Санги сипар», «Ҷӯгӣ», «Сабо», «Қумрӣ», «Пиндор», «Марди танҳо», «Чархи эҳтиётӣ», «Санам», «Спитамон», «Шинел», «Дашти Морон», «Кабӯтари сафед», «Буд, набуд», «Зарафшон», «Актёр», «Достони писари Худо», «Туғрал», «Росу», «Кадевар», «Барзгар», “Маздак”, “Даричаи дил” ва чандин маҷмӯаи гуногунмуҳтаво мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ