Нашри китоби устод Айнӣ дар Ӯзбекистон
Маркази миллию фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон ба ифтихори 145-умин солгарди зодрӯзи сардафтари адабиёти навини тоҷик Садриддин Айнӣ яке аз шоҳкориҳои ӯ — “Марги судхӯр”-ро нашр кардааст.
Дар ин бора нашрияи «Овози Самарқанд» иттилоъ дода, афзудааст, ки Айнӣ бо воситаи қиссаи мазкур ҳаёти воқеии як давраи хеле мураккаби халқи тоҷикро инъикос намудааст.
“Марги судхӯр”-и Айнӣ дар силсилаи “Накҳати сухан”, ки осори адибони пешин ва муосирро дар бар мегирад, нашр шудааст. Ин силсила бо ибтикори бонуи равшанзамир Насиба Зайниддинова роҳандозӣ шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ