Ламин Ямал — Мессии дуюм

Аз оғози мавсим ҷавонтарин футболбози мунтахаби Испания ва бошгоҳи «Барселона» Ламин Ямал дар сархати хабарҳо қарор дорад.

Ламин Ямал ҳамагӣ 16 сол дорад ва аллакай ҳам дар мунтахаби кишвараш ва ҳам дар яке аз беҳтарин дастаҳои дунё ба майдон мебарояд. Чанд рӯз пеш ӯ расман аз бошгоҳи «МС» даъват гирифт, аммо ҷавоби рад дод.

Ин тасмими ӯ садҳо футболбозро ҳайратзада кард, зеро дастаи «МС» дар олами футбол аз ҷумлаи клубҳои радаи аввал аст.

Инчунин, қарори Ламинро журналистону коршиносон ба он рабт медиҳанд, ки Ламин Ямал Мессии дуюм аст ва даҳсолаҳо дар ҳайати «Барселона» мондан мехоҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *