Нашри “Марам мерам”-и Азизбек ва Парӣ

Азизбек Ҷӯраев ва Парӣ таронаи дуовозаи худро бо номи “Марам мерам” дар ютубканали “Azizbek Juraev” нашр карданд.

Таронаи мазкур мисли сурудҳои пешини Азизбек Ҷӯраев шунавандаи зиёд пайдо накард, балки бо гузашти панҷ шабонарӯз 50 ҳазор маротиба бозбинӣ шудааст.

Намоҳанги суруди мазкур ба тамошобин оқибати нохуш ва кори нохуб будани пошхӯрии оилаҳоро бозгӯ карда, аз забони қаҳрамонон гуфта мешавад, ки оилаҳои ҷавон ба ҷойи ҷудо шудан бояд якдигарфаҳму муросокунанда бошанд.

Асосан, Азизбек Ҷӯраевро ҳамчун овозхоне, ки зиёдтар бо сурудани таронаҳои ҳаҷвӣ машғул аст, мешиносанд ва як сабаби кам таваҷҷуҳ шудан ба суруди “Марам мерам” ҳамин гуфта мешавад.

Суруди “Марам мерам”-ро Азизбек Ҷӯраев бо Парӣ ном духтари ҷавоне сароидааст, ки маълум аст овозхон боз як нафари дигарро ба воситаи маъруфияти худу шумораи зиёди обуначиҳояш дар “Ютуб” муаррифӣ мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *