Насиба Назарзода: Хушбахтӣ баҳои гарон дорад

Насиба Назарзода аз ҷумлаи наққошони ҷавонест, ки зиёда аз 7 соли ҳаёташро сарфи ин пеша кардааст. Ӯро ҳамчун наққош, рассом ва нигорандаи карикатура дар матбуоти даврӣ мешиносанд. Маҳсули дастонаш аз маҷаллаҳои милливу фарҳангӣ, то ба намоишгоҳҳои бузурги хориҷӣ рафта расидааст. Асарҳои офаридаи Насиба касро механдонанду мегирёнанд ва ба фикр кардан водор менамоянд.

“Мехостам мисли модарам бошам!”

Насиба ба ҳунари рассомӣ аз синни хурдӣ рӯй овардааст. “Ман аз хурдӣ мехостам бо рангҳо бозӣ кунам. Ба андешаи ман, ранг ба инсон нерӯ мебахшад”,- мегӯяд ӯ.

Баъд аз хатми мактаб таҳсилашро дар Коллеҷи рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов давом дода, сипас ҳуҷҷатҳояшро ба риштаи рассомии Донишкадаи давлатии дизайн ва санъат супоридааст. Қаҳрамони мо сабаби асосии ба ҳунар рӯй оварданашро дар ҳунарманд будани модараш медонад.

“Чун модарам дӯзанда буданду барои арӯсон сӯзаниву гулдӯзӣ тайёр мекарданд, ба эҷодашон бо шавқ нигариста, мехостам мисли он кас ҳунарманд шавам. Аз ин рӯ, ҳар куҷое, ки гулҳои наққоширо медидам, зуд рӯйи коғаз тасвир мекардам. Ҳамин тавр меҳри рассомӣ дар дилам ҷо гирифт ва таҳсиламро дар ҳамин ришта давом додам”,- нақл кард ҳамсуҳбати мо.

Насиба мегӯяд, ки аз хурдӣ ба кори модараш кумак мерасонд, ҳар куҷое, ки бо коғазу қалам вомехӯрд, ҳатман ягон расми аҷиберо тасвир менамуд. Ҳарчанд аз нозукиҳои ҳунари дӯзандагиву гулдузӣ огоҳ буд, вале шавқу ҳавас нисбат ба рассомӣ ӯро ба ин ҷода раҳнамун сохт.

Аксҳои гӯё

Карикатура дар расонаву матбуоти мо хело кам аст. Ҳол он ки, бо як ё ду карикатура даҳ саҳифа гапро маънидод кардан мумкин аст. Ҳар як расми аҷиб бо як диди ниҳонӣ ба вуҷуд меояд.

Қаҳрамони мо меафзояд, ки ин як ҳунари хосса аст, на ҳар кас метавонад аз уҳдаи он барояд: «Замоне ки барои кор ба маҷаллаи «Хорпуштак» омадам, аз карикатура хабар надоштам. Бо мурури замон дар нигориши карикатура низ муваффақ гардидам. Барои дарёфти ягон мавзуъ ва эҷод мушоҳидакор будан лозим аст. Беҳуда намегӯянд, ки рассомон одамшинос мешаванд, чун онҳо бо чеҳра бештар сарукор мегиранд».

Аксари мавзуҳои карикатураҳои Насиба дар боби мактабу маориф ва беаҳмиятии волидон нисбати тарбияи фарзанд аст. Дар яке аз карикатураҳои худ чунин тасвир кардааст: “Падар баъд аз гирифтани даъватнома ба маҷлиси падару модарон ба занаш мегӯяд:

— Инҳо чӣ қадар аҳмақ ҳастанд, ки даъватнома додаанду нишониро зикр накардаанд”.

Ҳамзамон, мавзуҳои дигари Насиба аз пораву порагирӣ, аз хешбозӣ ҳангоми ба кор қабул кардани кадрҳои нотайёр, муносибати келину хушдоман мегӯянд. Барои ӯ, ки ҳанӯз худ ҷавон асту диди нав дорад, душвор аст аз масъулияти волидон бигӯяд.

Ҳар рассом ё нигорандаи карикатура сабку услуби худро дорад. Қаҳрамони мо низ бо сабки ба худ хос аз мушкилоти ҷомеа мегӯяд: “Пеш аз он ки ягон асареро меофарем, онро аввал дар зеҳни худ мепазонему сипас рӯйи коғаз меорем”.

Аз карикатура то чеҳранигорӣ

Насиба Назарова то имрӯз бо истифода аз ҳунарҳои рассомиву наққошӣ асарҳои зиёде офаридааст. Ӯ мегӯяд, ки барояш кашидани ожанги рӯйи модар шавқи тоза мебахшад: «Офарандаи симои инсонҳо Аллоҳ аст, ман он симоро ба тасвир мекашам. Бароям ифтихор аст, ки чеҳраи як модари тоҷик ё як гулдухтари нозпарвардаи хонадони тоҷикро рассомӣ намоям».

Қаҳрамони мо зимни суҳбат таъкид кард, ки ҳунарманд бояд бештар китобҳои бадеиву таърихӣ мутолиа намояд, зеро хондани чунин китобҳо барои эҷоди чизҳои ҷолиб кумак мерасонад.

Аз ишқи рассомӣ ба дарёфти ишқи зиндагӣ

Барои ҳар инсон дарёфти бахт муҳимтарин ҷузъи зиндагӣ аст. Инсон аз замоне, ки ба синни камолот мерасад, дар фикри оилаи солим ва ҳамсари меҳрубон мешавад. Қаҳрамони мо низ дар чунин андеша аст.

«Рассомон дар ҳар чиз зебоӣ меҷӯянд. Ҳатто дар як барги дарахти аз офтоб тиллоранггашта, ки ба назари мардумон хазон аст, дунёи дигарро мебинанд. Аз ин рӯ, барои онҳо интихоби ҳамсар бисёр душвор аст, вале ман аз ин имтиҳон бо муваффақият гузаштам”,-мегӯяд ӯ.

Хушбахтии зани тоҷик дар он аст, ки ҳам оилаи солим доштаву ҳам дар касбаш муваффақ бошад. Диди ҷомеа гуногун аст, бахусус дар мавриди як духтари ҷавон. Вале Насибаро ин ҳолатҳо шикаста  натавонистаанд. Ӯ дар азми худ қавӣ асту барои расидан ба қуллаи мақсуд талош мекунад.

“Ният дорам дар маркази шаҳр намоишгоҳ ташкил намоям ва барои ин пешаи асрорангез шогирд омода созам»,- изҳор дошт Насиба.

Мо низ хоҳони он ҳастем, ки ин бонуи пурҳунар соҳиби калиди хушбахтӣ ва муваффақияти касбӣ шавад.

Суман УБАЙДУЛЛОЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *