Насиба Рустамзода: Аз хоксории зиёд пушаймонам

АЗ ҲАМШИРАИ ШАФҚАТ ТО СИТОРАИ ТЕЛЕВИЗИОН

Ин ҳафта мусоҳиби аҷиб ва суҳбати ҷолиб доштем. Барои мо ҳамсуҳбат шудан бо журналисту аз кору пайкори ӯ ҳарф задан, ҳамеша ҷолиб аст, зеро мудом онҳо аз рӯзгори дигарон мегӯянду худ паси парда мемонанд. Дарди касеро мегӯянду давои дарди худро намеёбанд. Аз талхиву ноҷуриҳои дигарон мегӯянду мушкилоти худро ба Худо ҳавола мекунанд. Ишқи дигаронро ситоиш мекунанду ишқи худро фаромӯш. Аз муваффақияти бисёриҳо мегӯянду пешорӯи муваффақиятҳои худ хомӯширо ихтиёр мекунанд…

Мо бо журналисти саршинос ва хеле пурмаҳсул, мудири шуъбаи филмҳои миллии Телевизиони “Синамо” Насиба Рустамзода доир ба кори ҳамширагӣ, пайвастан ба дунёи журналистика, кор дар телевизионҳои “Сафина” ва “Синамо”, меҳру самимияти бинандагон, таъсири барномаҳои ӯ ба афкори омма ва ғайраҳо суҳбат кардем.

— Чун мо ва ҳазорҳо мухлисатон шуморо маҳз бо шарофати телевизион шинохтем, хуб мешавад суҳбатамонро аз махсусияти кори шумо дар телевизион шуруъ кунем. Шумо хатмкардаи омӯзишгоҳи тиббӣ ва Донишкадаи молия ва иқтисод ҳастед, чӣ сабаб шуд, ки ба журналистика омадед?

— Бале, ман маълумоти тиббӣ ва иқтисодӣ дорам. Чун насибу қисмат будааст, ба Телевизиони “Сафина» омадам ва ҳамчун мутахассиси пешбар дар идораи барномасозӣ корро шурӯъ кардам. Вақте ки кори эҷодӣ ва ровигии ҳамкоронро медидам, нисбат ба соҳаи журналистика шавқам зиёд мешуд ва оҳиста-оҳиста талош кардам, ки худро ҳамчун баранда санҷам. Дар аввал бархеҳо гуфтанд, ки имкони рӯи экран баромадан надорам. Пасон, дар телевизион барои ҷалби чеҳраҳои нав лоиҳаи “Кастинг” рӯҳандозӣ шуд, ки он ҷо иштирок кардам, вале муваффақ нашудам, зеро нотавонбинон хеле зиёд буданд. Хеле нороҳат мешудам, аммо ҳеҷ вақт ноумед нагаштам. Болои худам зиёд кор мекардам, бо сенарияи барандаҳо дар хона машқ мекардам ва умед доштам, ки рӯзе ман ҳам ровӣ мешавам. Замоне шуд, ки бибии ровии барномаи “Файзи саҳар” аз дунё даргузашт ва ба ҷойи ӯ баранда лозим шуд. Саркоргардон ба ман ин шонсро дод, ки баранда шавам. Ҳамин тавр, дарҳо ба рӯи ман кушода шуданд ва минбаъд ҳар ҳафта дар барномаи мазкур баромад мекардам.

Кори журналистиро аз Телевизиони “Сафина» оғоз кардаед. Оё барои як шахсе, ки дипломи тиббӣ ва менеҷерӣ дошт, кори телевизион душвор набуд?

— Душвор буд гуфтан, ин чизе нагуфтан аст. Монеаҳо хеле зиёд буданд. Ҳатто ҳамонҳое, ки як нонро бо ман ду қисм карда, мехӯрданд, садди рӯи экран баромаданам мешуданд. То ҳадде шуд, ки маро шикастанд, дилозурда карданд, кӯшиш намуданд, ки аз телевизион дур шавам, аммо ба хулосае омадам, ки таслим намешавам ва душманонро хурсанд намекунам. Ҳамин тавр, мубориза бурдам ва ҳоло ифтихор дорам, ки кӯшиш кардаму таслим нашудам.

— Дар кори телевизион кӣ ё киҳоро устоду дастгир мешуморед?

— Албатта, дар баробари монеаҳо нафароне ҳам буданд, ки ба ман боварӣ доштанд ва дар ҳама ҳолат дастгирӣ мекарданд. Дар рушди касбии ман Нигинаи Муъмин ва Нури Наср нақши хеле бориз доранд. Онҳо тавонистанд дубора маро ба по рост кунанд ва шавқи журналистиро дар вуҷудам пайдо созанд. Ҳамеша дастгирам буданд, ки то охирин нафас миннатдорам аз эшон.

— Дар «Телевизиони Сафина» дар барномаҳои зиёд, аз ҷумла «Файзи  саҳар», «Этикет», «Ҷило», «Хостаҳо», «Сапедадам» , «Сад  роз», «Як  дов» ва ғайраҳо кор кардаед. Бигӯед, ки кадом барнома ба шумо наздиктар буду тавассути кадомаш шинохта шудед?

— Барномаҳое, ки таҳия мекардам, ҳамааш бароям азиз ҳастанд ва барои ҳамааш як навъ меҳнат мекардам. Вале фикр мекунам, ба мардум барномаи “Хостаҳо” маро зиёдтар муаррифӣ кард. Барномаи мазкур ҳаҷман калон буду ҳамчун муаллиф ва ровӣ хостаҳои мардумро иҷро мекардам. Илова бар ин, “Хостаҳо” на танҳо маро муаррифӣ кард, балки маро бо ин барнома дӯст доштанд.

Сабаби аз телевизиони “Сафина» ба телевизиони “Синамо” гузаштанатон дар чӣ буд?

— Пешопеши аз кор баромадан бархеҳо барои маро афтонидану шикастан чоҳ канданд, аммо “чоҳкан зери чоҳ” шуду ман бо сари баланд аризаи аз кор рафтанро навишта, рафтам. Фикр мекунам, дар Телевизиони “Сафина» мардум маро бештар ҳамчун ровӣ мешинохтанд, аммо “Синамо” ба ман номи журналистӣ дод. Аз қисмат хеле розиам, ки чунин гардиш доштааст, ҳоло дар Телевизиони “Синамо” мавқеи сазовор дорам.

Мақсади журналист ба афкори омма таъсир расонидан аст. Ба андешаи шумо тӯли фаъолиятатон дар телевизион ва таҳияи даҳҳо барнома ба афкори мардум таъсири хуб расонидед?

— Оинаи нилгун қудрати бузург дорад, вале ростӣ, намедонам, ки то кадом андоза барномаҳои ман ба афкор таъсири мусбат мерасонанд. Аммо медонам, ки каме ҳам бошад, табъи мардумро хуш мекунем, ғизои маънавӣ медиҳем. Шахсан дар мисоли худам, бо бисёр ҷавонон вохӯрдаам, ки мегӯянд маҳз барои чун ман шудан соҳаи журналистикаро интихоб кардаанд. Ин шаҳодати он аст, ки ба роҳи илмомӯзӣ ва касбомӯзӣ бархеҳоро ҳидоят карда тавонистаам.

Фазои корӣ дар телевизиони “Синамо” чӣ гуна аст?

— Мегӯянд, ки “эҷодкор дар рӯи санг ҳам бошад, эҷод мекунад”, вале бояд бигӯям, ки имрӯз фазои корӣ дар муассисаи мо бисёр хуб аст ва шукронаи тинҷиву амонӣ, ки дар фазои орому осуда корамонро анҷом медиҳем. Муҳити телевизион барои кори эҷодӣ мувофиқ аст. Муносибати ҳамкорон, ки аллакай як оила ҳастем, хеле меҳрубонона ба роҳ монда шудааст.

— Шумо яке аз журналистони сермаҳсул ва серталош ҳастед, бигӯед, ки чӣ гуна метавон ин қадар сермаҳсул шуд?

— Имрӯз ба ҷуз оне ки сармуҳаррири идораи филмҳои миллӣ ҳастам, боз муаллифи ду барнома “Ахтарони ҳунар” ва “Нақши ман” мебошам, ки моҳе аввалӣ як маротиба ва дуюмӣ ду маротиба нашр мегарданд. Тавре дар боло ишора кардам, шароити муносиби корӣ ба мо имкон медиҳад, ки сермаҳсул бошем. Чун ғамхориро нисбат ба худу касбамон эҳсос мекунем, масъулиятамон зиёд мегардад ва аз ҳар вақта дида, бештару бештар кор мекунем.

Фаъолияти журналистии шумо ҳамсоли телевизиони “Сафина» аст. Яъне, соли оянда 20 сол пур мешавад, ки шумо журналистед. Аз оне, ки ин солҳоро ба соҳаи мазкур бахшидед, пушаймон нестед?

— Ифтихор мекунам, ки журналистикаро интихоб кардам. Ифтихор мекунам, ки модарам бо касбияти ман ифтихор мекунанд. Ин сарфарозист, ки модар аз кори фарзанд розӣ ва фахр мекунад.

НАСИБАИ БЕРУН АЗ ТЕЛЕВИЗИОН

Ҳамон тавре, ки дар барномаҳои телевизионӣ хушҳолу хушчақчақ ҳастед, дар зиндагии муқаррарӣ низ чунинед?

— Не, он тавре ки дар барномаҳоям шӯхӣ мекунам, дар хона он хел нестам. Ҷиддӣ ҳастам ва миёни кору зиндагӣ фарқ мегузорам.

— Шумо ҳам монанди бонувони хонашин ҳамарӯза хӯрок мепазед, ҷомашӯӣ мекунед?

— Аз уҳдаи ҳама кори хона мебароям, хӯрокҳои гуногуни тоҷикӣ пухта метавонам, аммо чанд сол мешавад, ки дигар ба кори хона умуман машғул нестам. Зеро ҳамаи қувваамро ба кори телевизион бахшидаам.

— Шумо қабл аз журналист шудан ду сол ҳамшираи шафқат будед, он солҳо дар зиндагии шумо чӣ нақш доранд?

— Нақши зиёд надорад, зеро вақти кам кори ҳамширагӣ кардаам, вале бо собиқ ҳамкорон, ки дугона шудем, муносибати хуб дорам. Дар асл кори ҳамширагӣ писандам набуд, ки ба дигар соҳа омадам.

— Дар Инстаграм хеле фаъолед, аксу наворҳои гуногун мегузоред, бо обуначиҳоятон хеле самимиед. Бигӯед, ки ин шабака ба шумо чӣ медиҳад?

— Аслан, фаъол будани ман дар Инстаграм давоми мантиқии кори телевизионам аст. Он ҷо ҳам кӯшиш мекунам, ки ба ҷомеа нафъе расонам. Барои мисол, вақте ки ман дар Инстаграм шеърхониро оғоз кардам, шумораи шеърхонҳо дар ин шабака хеле кам буд, ҳоло дар пайравӣ бо мо хеле зиёд шудаанд. Баъдан, тавассути Инстаграм ҳунарамро тарғиб мекунам.

— Чаро дар аксари аксу наворҳоятон иҷозати шарҳнависиро манъ кардаед?

— Ман шахси эҳсосиам. Агар ҳарфи баде ба суроғам ояд, ҳафтаҳо ба худ намеоям, зеро ҳамеша кӯшиш мекунам, ки ба мардум хубӣ кунам ва некӣ мехоҳам. Мудоме ки чунин эҳсос дорам, агар сухани бад шунавам, хеле нороҳат мешавам. Мутаассифона, дар интернет нафароне ҳастанд, ки ҳатто ношинос ҳам бошанд, сухани бад мегӯянд. Аз ҷониби дигар, манъи шарҳ додан кори хуб аст, ки бархеҳо бад намегӯянд.

Инстаграм чӣ хубию чӣ бадӣ дорад?

— Хубиаш майдони озод барои тарғиби ҳунар аст. Бадиаш бошад, мутаассифона, дар Инстагарам ҳоло аксу наворе нашр мешавад, ки ба ахлоқи наврасону ҷавонон таъсири ниҳоят бад мерасонад. Яке сурати телефони қимматбаҳоро мегузораду ба дӯстдоштааш изҳори сипос мекунад, аммо ба онҳое, ки чунин шароитро надоранд, таъсири нохуб мерасонад ва ҳатто метавонад ба роҳи бад барад.

— Дорандаи як қатор сипосномаву ифтихорномаҳо ҳастед, оё онҳо дар ҳаёти эҷодии шумо нақше дошта метавонанд?

— Вақте ки як корхона ё идора бо сипоснома қадр мекунад, албатта ин барои эҷодкор эҳсоси гуворост ва инчунин, масъулиятро зиёдтар медиҳад. Агар умр дароз бошаду соҳиби набера шудем, ҳадди ақал сипосномаву унвону ҷоизаҳоро ба онҳо нишон медиҳем ва аз рӯзҳои хуш мегӯем.

— Боре фикр кардаед, ки мо барои чӣ зиндагӣ мекунем?

— Худованд моро барои зиндагӣ кардан офаридааст, пас бояд зиндагии шоистаро барои худ бисозем. Бояд фарзандони хуб тарбия намоем, ки барои рушду ободиву оромии Ватан камар банданд. Хизматгорони Ватанро тарбия намоем, ки ифтихори мо бошанд. Мехоҳам илова кунам, ки то фарзанддор шудан, барои худам зиндагӣ мекардам, ҳоло барои онҳо зиндагӣ мекунам.

— Аз зиндагии худ розиед?

— Чандин сол пеш зиёд ношукрӣ мекардам, аммо вақте ки шикоят карданро бас кардам, зиндагиам хуб шуд ва ҳоло сад дар сад розиям. Шукр, дар ин рӯзгор хеле дӯстони зиёд дорам, ки дар пастиву баландии зиндагӣ дар барам ҳастанд. Хушбахтам, ки чунин қисматро Худованд барои ман ато кардааст.

Аз кадом корҳоятон ифтихор доред?

— Аз ягон корам ифтихор надорам, зеро то имрӯз коре накардаам, аммо ифтихор аз тоҷик буданам мекунам.

— Аз кадом корҳоятон пушаймонед?

— Аз хоксории аз меъёр зиёд пушаймонам.

Меҳрубон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *