толеънома

Толеъномаи 15-уми апрели соли 2024

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

ҳамал

Нимаи аввали рӯзро пурра барои рафъ кардани мушкилоти оилавӣ сарф намоед. Вагарна хавфи пош хӯрдани оилаатон ба миён меояд. Барои шиносоии нав ва мулоқотҳои пинҳонии маҳрамона нимаи дувуми рӯз мувофиқ аст. Харидорӣ намудани асбобҳои техникии рӯзгор, компютерҳо, телефонҳои мобилӣ бобарор анҷом меёбанд. Барои пешгирӣ намудани хурӯҷи бемориҳо аз истеъмоли хӯрокҳои серравған ва нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ намоед.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

савр

Нафароне, ки ба тиҷорат машғуланд рӯзи бафайз аст. Нафарони муҷаррад ҳангоми сафарҳо бо шахсе шинос шуда, ошиқ шуданашон имконпазир аст. Баъзе дилдодаҳо бо ҳам қаҳрӣ мешаванд. Дар ҳама кор андозаро нигоҳ доред. Дар фикри қарз гирифтан ё қарз додан набошед. Манбаи даромади хешро аз дӯсту душман пинҳон доред.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

ҷавзо

Нимаи аввали рӯз вохӯрие шуморо интизор аст, ки дар аввал тақдирсоз буданашро дарк намекунед. Ҳангоми муошират бо нафарони оиладор эҳтиёт шавед, сирру асроратон фош гашта, дар ҳоли ногувор мемонед. Охири рӯз бо сабабе сахт ошуфтаҳол мегардед, вале вазъиятро мустақилона ислоҳ карда метавонед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

саратон

Шумо зиёд хаста шудаед. Кӯшиш кунед зиёд асабӣ нашавед, бештар барои истироҳат вақт ҷудо кунед. Бештар хоб кунед, то ки саломатиятон барқарор шавад. Ба ҳеҷ ваҷҳ уҳдадориҳои иловагиро ба дӯши худ нагиред. Дар муносибатҳои заношавҳарӣ ранги тоза ворид мегардад. Нохушиҳои ба саратон омада ба шарте итмом меёбанд, ки зиракиву ҳушёриро пеша намоед. Фаромӯш насозед, ки ҳар инсон созандаи бахти худ аст. Дар масъалаҳои молиявӣ муваффақ мегардед.

Асад ( 23 июл – 23 август)

асад

Вақте расидааст, ки дар фикри тақвият додани масунияти бадан шавед. Бештар дар ҳавои тоза гашта, хӯрокҳои сабук истеъмол намоед. Ба эҳсосот дода шудану аз ҳад зиёд шартакигӯйӣ дар ҷодаи муҳаббат боиси сар задани дилранҷӣ мегардад. Нисбати камбудиҳои дӯстдоштаатон каме таҳаммул намоед, вагарна эҳтимоли ҷудо шуданатон вуҷуд дорад.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

сумбула

Нафарони оиладоре, ки муносибатҳояшон бо хусуру хушдоман чандон хуб нест, дучори муноқишаву низоъҳои оилавӣ мегарданд. Бадии кор дар он аст, ки барои ислоҳи вазъият коре карда наметавонед. Нимаи дуюми рӯз сафару саёҳатро ба нақша гирифтан бамаврид аст. Ҷуфти беҳтарин барои шумо нафаре мегардад, ки дар мучали ақраб, далв ва ҳамал ба дунё омадааст. Хароҷоти ногаҳонӣ боиси холӣ шудани кисаҳоятон мегардад.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

мизон

Нимаи аввали рӯз бо ободонии хонаву дар ва замини наздиҳавлигӣ машғул шавед. Камбудиҳои рӯзгорро бо кӯмаки аъзоёни оилаатон бартараф карда метавонед. Нимаи дуюми рӯз бо масъалаҳои молиявӣ машғул шуданатон лозим меояд. Эҳтимол даромади пулии наздикони шумо афзоиш меёбад. Миёнаи рӯз аз хариди кардаатон шод мегардед.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

ақраб

Робитаатонро бо нафароне, ки вақтҳои охир муносибати сард доред, канданатон беҳтар аст. Нимаи дуюми рӯз нисбати дӯстдоштаи худ ботаҳаммул бошед, ба ташаббусҳояш монеа эҷод накунед, эътимодатонро қавӣ созед ва дилашро наранҷонед. Дар ин рӯз барои дӯстдоштаи худ хароҷоти зиёд карданатон лозим меояд. Аз харидани туҳфа худдорӣ намоед. Нисбати бемориҳои музмин фориғболӣ карданатон боиси сарфи маблағ ва пушаймониятон мегардад.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

қавс

Нимаи аввали рӯз диққати худро барои рафъи масъалаҳои молиявӣ равона созед. Аз рӯйи нақша амал намуда, ба натиҷаи дилхоҳ расидан муяссаратон мегардад. Давраи бобарорест барои хариди калон, таъмири хона ва ба тартиб овардани ҳуҷҷатҳои даркорӣ. Нафароне, ки аз фарбеҳӣ азият мекашанд, бо риояи парҳез дар муддати кӯтоҳ хароб шуда метавонанд. Бемориҳоро пешгирӣ ва тозагиро риоя карда, саломатиятон рӯ ба беҳбудӣ меорад. Нуқтаи назаратон бо ақидаи аъзоёни оила мувофиқ наомада, боиси ранҷишу хафагӣ мегардад.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

ҷаддӣ

Дар ин рӯз ба умеди кӯмаку дастгирии касе нашавед, мустақилонаву фаъолона амал намоед. Агар аз масъулиятнокӣ натарсед, мушкилоти зиёдеро рафъ карда метавонед. Эҳсоси хавотирӣ ва асабонияти зиёд, ки сабабаш номаълум аст, азиятатон медиҳад. Ба нафарони ношонос бовар накунед ва бо касе шинос шуданро тавсия намедиҳем. Дар назди худ ва одамон поквиҷдон бошед.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

далв

Дар ин рӯз аз маъракаву нишасти дӯстон дурӣ ҷустанатон беҳтар аст, вагарна хароҷоти калон мекунед. Ба дӯстон қарз додану қарз гирифтанро тавсия намедиҳем. Дар акси ҳол муносибататон бо онҳо вайрон мегардад. Дар муносибатҳои ошиқона бештар ба садои қалб гӯш андозед, фиреб намехӯред. Ҳушёриро пеша намоед, вагарна ба доми ҳаннотон афтиданатон имконпазир аст.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

ҳут

Аввали рӯз барои расидан ба мақсад ба ҳама кор даст заданӣ мешавед. Ҳама гуна монеа ва бо шумо созиш накардани атрофиён боиси қаҳру ғазабатон мегардад. Ба назаратон чунин мерасад, ки шуморо таҳқир кардан мехоҳанд, вале дар асл чунин нест.  Беҳуда ба муноқиша роҳ надиҳед, вагарна худатон зарар мебинед. Миёнаи рӯз дастгириву маслиҳати дӯстатон айни муддао мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *