Насим Олимзода либоси духтуронро иваз намуд
Бо фармони вазири тандурустии Тоҷикистон Насим Олимзода, барои тамоми табибони тоҷик либоси ягона ҷорӣ карда мешавад. Муасссисаҳои тиббӣ дар саросари кишвар муваззаф карда шудаанд, ки кормандони худро бо либосҳои ягонаи тасдиқшуда таъмин намоянд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон намунаҳои либоси ягона барои кормандони муассисаҳои ин вазоратро тасдиқ кардааст. Фармоиши вазири тандурустӣ Насим Хоҷа Олимзода дар бораи либоси ягона ҳанӯз рӯзи 26 сентябр имзо ва рӯзи 3 октябр дар сомонаи расмии ин вазорат нашр шудааст.
Дар ин фармоиш гуфта мешавад, ки либоси ягона барои кормандони соҳаи тиб ва ҳифзи иҷтимоӣ бар асоси қарори ҷаласаи машваратӣ дар назди ёвари президент Абдуҷаббор Раҳмонзода аз 11 апрели соли равон ҷорӣ карда мешавад.
Насим Олимзода сардорони раёсатҳои тандурустии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе, ректорон ва директорони муассисаҳои давлатии таълимии тиббӣ, директорони пажӯҳишгоҳҳо ва муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, сартабибони беморхонаҳои марказии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитариро вазифадор кардааст, ки кормандони худро бо либосҳои ягонаи тиббии тасдиқгардида таъмин намоянд.
ФАРМОИШ
аз _26.09___ с.2017 № _804_____ ш. Душанбе
Дар бораи либоси ягонаи тиббии кормандони
муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Бо мақсади ба танзим даровардани сару либоси ягонаи тиббии кормандони муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар асоси супориши протоколи ҷаласаи машваратии назди Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода А.А. аз 11 апрели соли 2017 таҳти №25-2/10-76, тибқи банди 10-и Низомномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014 таҳти №148 тасдиқ шудааст,
ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:
1. Намунаи либосҳои ягонаи тиббии кормандони муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Ба сардорони раёсатҳои тандурустии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе, ректорон ва директорони муассисаҳои давлатии таълимии тиббӣ, директорони пажӯҳишгоҳҳо ва муассисаҳои ҷумҳурияваӣ, сартабибони беморхонаҳои марказии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ супориш дода шавад, ки кормандони худро бо либосҳои ягонаи тиббии тасдиқгардида таъмин намоянд. Мӯҳлат доимӣ.
3. Ба муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (Камолзода М.) супориш дода шавад, ки намунаи либосҳои ягонаи тиббии кормандони муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро дар сайти вазорат ворид намояд. Мӯҳлат 7 рӯз.
4. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини якум Умарзода С.Ғ. ва муовини вазир Одиназода А.А. гузошта шавад.
Вазир Н. Олимзода
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ