Насри Ато Мирхоҷа ба арабӣ тарҷума шуд

Осори нависандаи тоҷик Ато Мирхоҷа дар Амороти Муттаҳидаи Араб ба забони арабӣ тарҷума ва нашр шуд.

Ин маҷмӯа иборат аз повести ҳаҷвии «Сагочак» («Аккоси саг») ва чанд ҳикояи дигар мебошад, ки услуб ва зеҳни буррои муаллифро инъикос мекунанд.

Тарҷумаи арабии китобро нависанда ва тарҷумони маъруфи ироқӣ Ғассон Ҳамдон анҷом дода, таҳрири онро арабшиноси тоҷик ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Назрулло Назар ба ӯҳда доштааст, ки ҳамчунин сарсухани китобро навиштааст.

«Нубаҳ-ал-қалб» аввалин маҷмӯаест, ки насри муосири тоҷикро ба хонандагони арабзабон муаррифӣ мекунад. Ин китоб дар моҳи ноябри соли 2024 дар Намоишгоҳи байналмилалии китоби Шарҷа (АМА) муаррифӣ шуда, ба рушди табодули фарҳангӣ байни Тоҷикистон ва ҷаҳони араб саҳми назаррас гузоштааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *