Наташа Королёва Игор Николаевро корд зад?

Марвориде аз дарёи ҳунар

Маликаи зебои саҳнаи эстрадаи рус Наташа Королёва 31-уми майи соли 1973 дар шаҳри Киев дар оилаи санъаткор ба дунё омадааст.  Падараш дар хор фаъолият мекард, модараш Людмила Паривай ҳунарпешаи шоистаи Украина мебошад. Апааш Ирина, ки аз Наташа ҳамагӣ 5-сол калон буд, дар ҳайати хори давлатӣ баромад мекард.  Табиист, ки муҳити саршори мусиқии оила ба Наташа бе таъсир монда наметавонист. Ҳанӯз аз синни 3-солагӣ ин духтарчаи зебои фатиламӯй бо қади аз гули лола андаке баландтараш дар саҳна суруд хонда, шавқи тамошобинонро меовард. Дар 7-солагӣ волидонаш Наташаро ба мактаби мусиқӣ доданд, дар баробари ин, вай ба студияи хореографии ба номи Грегорий Верёвка рафта, сабақи рақс мегирифт.

Ситорачаи хурдакак

Истеъдоди модарзоди Наташа ба композитор Владимир Бистряков писанд омад ва ин духтарчаи хушрӯяки булбуловозро зери қаноти худ гирифта, аз пайи такмил додани истеъдоди шогирдаш шуд. Тамоми нозукиҳои санъатро аз ин оҳангсози номдор омӯхта, Наталяи 12-сола ба ситораи хурдакаке табдил ёфт, ки ягон чорабинии фарҳангии шаҳрро бе ӯ тасаввур карда намешуд. Наташа маликаи базмҳои солинавӣ ва дигар чорабиниҳои кӯдакона буд. Соли 1987 ин духтараки ҳунарманд дипломи ғолиби озмуни машҳури мусиқии халқӣ   “Золотой Камертон”-ро ба даст овард ва худи ҳамон сол дар барномаи “Шире круг” баромад карда, мухлисонро қоил намуд, аммо… 

Калиди шуҳрат

Шуҳрати ҳақиқиро ба Наталя озмуни вокалии Евпатория овард, зеро маҳз бо шарофати ҳамин озмун ин сарояндаи ҷавон диққати Элвира, ёрдамчии продюсери машҳури рус Марта Магилевскаяро ба худ ҷалб намуд. Фиттаи сурудҳояшро ба Элвира тақдим карда, Наталя ҳатто ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеовард, ки вохӯрӣ бо ин зан сарнавишти ӯро сад дар сад  дигар хоҳад кард.

Лолаи тиллоӣ

Бо шунидани таронаҳои шӯхи овозхони зебои украинӣ идеяи аҷибе ба сари Марта Магилевская омад ва ин зани гавҳаршинос ба собиқ аранжировжики шоҳбонуи санъати рус Алла Пугачёва, оҳангсоз ва овозхони машҳур Игор Николаев, ки дар кризиси эҷодӣ қарор дошт, занг зада гуфт: “Хоҳӣ, ки дубора номат вирди забони хурду калон гардад, ту бояд дуэти худро ташкил намоӣ. Ман аллакай хонумеро низ пайдо кардам, ки садояш бо садои ту олиҷаноб мечаспад…”

Дар кастинги аввал хохолдухтари фарбеҳак ба Николаев чандон писанд наомад, вале баъди гӯш кардани садои зиндаи Наталя Игор боварӣ ҳосил кард, ки ин парии сергӯштак овози ҷозибаноки нотакрор дорад. Ӯ барои санҷиш суруди “Золотые тюлпаны”-ро ба хохолдухтар дод. Дар ҳақиқат ин суруд дар олами мусиқии рус “бомба”-и ҳақиқӣ шуда, вирди забони хурду калон гашт.

Чаро Поривай Королёва шуд?

Фикри иваз кардани насаби Наташа идеяи Игор Николаев буд. Баъди суруди “Лолаҳои тиллоӣ” хурду калон ошиқи ин хохолдухтар гашта бошанд ҳам, на ҳар мухлис насаби ӯро ба осонӣ ба забон меовард. Николаев хуб медонист, ки номи зебо нисфи муваффақияти овозхон аст, аз ин рӯ, ба Наталя пешниҳод кард, ки насабашро иваз карда, минбаъд ҳамчун Наташа Королёва ба саҳна барояд. Барои Наталяи ҷавон он замон Игор Николаев худои саҳна менамуд, аз ҳамин хотир, ӯ бе гуфтугӯ ин пешниҳоди овозхонро қабул кард.

 

Делфин ва Русалка

Дар як муддати кӯтоҳ  Наташа Королёва бо шарофати сурудҳои навиштаи Игор Николаев дар сар то сари Русияи бузург шуҳратёр гашта, ба қатори ситораҳои шоу-бизнеси рус ворид гашт. Наташа Королёва ва Игор Николаев дуэти “Делфин и Русалка”- ро ташкил намуда, бо барномаҳои ҷолиби консертӣ ба сар то сари Русия сафарҳои эҷодӣ мекарданд. Ин дуэт на танҳо дар сарзамини рус ва собиқ кишварҳои Шӯравӣ, балки дар ИМА, Исроил ва Олмон низ бисёр машҳур гашта буд ва ҳаводорони бешумори худро дошт. Мухлисон ончунон волаву шайдои Наташаи нозанин гашта буданд, ки ягон маҳфилро бе ӯ тасаввур карда наметавонистанд, ҳатто вақте ки пойи ин бонуи ҳунар шикаста буд, ҳаводоронаш тавалло намуданд, ки сарояндаи дӯстдоштаашон бо пойи гаҷбандӣ ба саҳна баромада, ақаллан як суруд хонад…

Оташи ишқ

Аз аввалин дидор байни Николаев ва Королёва оташи ишқ аланга назада бошад ҳам, ҳангоми кор дар  “Делфин ва Русалка” дар дили Игор Николаев нисбати ҳамсадои зебояш ҳиссиёти аҷибе пайдо шуд. Ӯ эҳсос мекард, ки зиндагиашро бидуни ин парии чашмсабз дигар ҳатто як лаҳза тасаввур карда наметавонад, вале дар занбозӣ устухон надошта бошад ҳам, ҳеҷ ҷуръат намекард, ки ба ин духтараки ҷавон изҳори муҳаббат намояд. Наташа низ кайҳо ошиқи шайдои Игор гашта буд, вале ҳатто ба худаш ҳам иқрор намешуд, ки Николаевро бо тамоми ҳастиаш дӯст медорад. Барои Наташа, ки дар оила тарбияи дуруст гирифта буд, муносибатҳои маҳрамона бидуни никоҳ ва загс гуноҳи азим ва кори номумкин маҳсуб меёфтанд. Ӯ хуб медонист, ки ситораҳои саҳнаи рус оилаю оиладориро ҷиддӣ қабул намекунанд,  аз ҳамин сабаб ишқашро пинҳон медошт, то бозичаи дасти оҳангсози машҳур нагардад, аммо…

Тӯйи хоксоронаю бахти тиллоӣ

Нигоҳи чашмони оташбори ин парии булбуловоз ончунон дили оҳангсози машҳурро беқарор намуд, ки билохира як шом чун ҷавонмарди асил дар пеши пойи бонуи орзуҳояш ба зону зада изҳори муҳаббат намуд. Наташа ишқи Игорро қабул карда бошад ҳам, қотеъона гуфт:

-Ман ҳаргиз маъшуқа ва бозичаи дасти марде намешавам. Хоҳӣ, аз рӯйи таомул никоҳ ва загс карда зиндагӣ мекунем, нахоҳӣ ихтиёрат!

Николаев байни обу оташ монда, чӣ кор карданашро намедонист, аммо баъди чанд рӯз мушкили ошиқашро худи Наташа осон кард. Парии чашмкабуд волидонашро ба хонаи ошиқаш ба меҳмонӣ овард. Ҳамин тавр онҳо дар ҳалқаи дӯстони наздиктаринашон зиёфати хурдакаке ороста, никоҳ карданд ва аз қайди загс гузашта, расман зану шавҳар шуданд.

Наташа Королёва ва Игор Николаев тӯйи дакаданг накарда бошанд ҳам, бахти тиллоӣ доштанд. Шавҳараш Наташаи ҷавону зеборо ҳамеша рӯи даст бардошта мегашт ва тамоми сурудҳояшро ба ӯ мебахшид. Тамоми ситораҳои шоу-бизнеси рус ва мухлисони бешуморашон ба ин ҷуфти зебо бо ҳавас менигаристанд, аммо…

Нолаи зори ҷудоӣ

    Игор Николаев ва Наташа Королёва аз ҳамдигар ҷудо шуданд-ин овоза мисли садои раъду барқ дар чиллаи тобистон ногаҳонӣ ва ғайри интизор буд, аз ин рӯ, бисёриҳо ба он бовар накарданд, вале баъдтар маълум шуд, ки оилаи ин ҷуфти зебои ситораҳо дар ҳақиқат пош хӯрдааст. Аввал аксари мухлисон гумон карданд, ки Наташаи ҷавон ошиқи дигар ёфта, Николаевро партофтааст, вале баъдтар маълум шуд, ки баръакс хиёнати Игор боиси марги ин ишқи зебо гаштааст.

Тарзан: Ман Наташаро аз Николаев надуздидаам!

Соли 2003 Наташа Королёва ба стриптизёри машҳур Тарзан ба шавҳар баромад. Ин навбат тӯй бошукуҳу афсонавӣ гузашт. Арӯс дар либоси сафед, меҳмонони зиёд рақсу бозӣ, гулу кабӯтарҳои бешумор, хулоса, ҳамон тавре ки ҳар як духтар орзу мекунад…

Бисёриҳо ҳатто дар рӯзи тӯй домоди навро дар вайрон шудани оилаи Наташа гунаҳкор мекарданд, вале худи Тарзан дар суҳбат бо журналистон гуфтааст: “Ман Наташаро аз Николаев ҷудо карда нагирифтаам. Вақте мо шинос шудем, онҳо аллакай ҷудо шуда буданд ва Наташа қариб як сол боз танҳо мезист. Ман Игор Николаевро ҳурмат мекунам, ба санъати ӯ эҳтиром мегузорам, аммо…”

Наташа аз Николаев қасос гирифт?

Баъди 15-соли расман аз ҳамдигар ҷудо шудани Королёва ва Николаев овозае паҳн гашт, ки захми дили Наташа ҳанӯз шифо наёфта будааст ва дар як маҳфил ба Игор ҳамла карда, бо корд собиқ шавҳарашро захмӣ намудааст, вале ин овоза ягон асос надорад. Наташа Королёва бо шавҳари дуюмаш хушбахт буда, Николаевро дигар ҳатто ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеорад…

Шаҳло Ниёзова

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *