Душанбе: Баргузории базмҳои ҷавонӣ

Имрӯз дар пойтахт бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва конфронсу  вохӯриҳо бо ҷавонон  доир  мегарданд. 

Тавре  аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд,  имрӯз соати 17:00 дар  чор ноҳияҳои пойтахт:   майдони назди Сирки давлатӣ, воқеъ дар ноҳияи Фирдавсӣ,  Боғи  фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнии ноҳияи Исмоили Сомонӣ,  майдони «800-солагии Москва»-и   ноҳияи  Шоҳмансур, Боғи фарҳангию фароғатии «Ҷавонон»-и ноҳияи  Сино ва ҳамчунин дар «Боғи Ирам»  бо иштироки  санъаткорони варзидаи мамлакат  чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ баргузор мегарданд.

Бино ба иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин имрӯз дар шаҳри Душанбе  Конференсияи илмӣ – назариявӣ дар мавзӯи «Пешвои миллат- рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ ва саодату осудагии мо ҷавонон» бо иштироки  намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, олимону муҳақиқони ҷавон баргузор мегардад.

Ҳамчунин дар ин  рӯз  баргузори  роҳпаймоии ҷавонон   дар назар аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *