Натиҷагирии пешакии татбиқи лоиҳа

Имрӯз дар Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон расми натиҷагирии пешакии татбиқи лоиҳаи ЮНФПА “Таҳкими омори демографӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Россия маблағгузорӣ мешавад, доир гардид.

Муовини Вазири иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода
Ашурбой Абдувоҳид чорабинии мазкурро ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки нуфуси ҳамасолаи аҳолии Тоҷикистон рӯ ба зиёдшавӣ ниҳодааст ва ҳоло вақти он расидааст, ки масъалаҳои таъмин бо шуғл, таҳсилот ва дигар самтҳои муҳими ҳаёти мардум ба инобат гирифта шавад.

Лоиҳаи мазкур ба рушди зарфиятҳои миллии Тоҷикистон оид ба
истифодабарии омори демографӣ баҳри таҳкими пешгӯии дарозмуддат, инчунин ба дастгирии гузаронидани маъракаи Барӯйхатгирии аҳолӣ ва Фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 1 то 15 октябри соли ҷорӣ гузаронида шуд, равона карда шудааст. Манфиатдорони лоиҳаи мазкур Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷиират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи эқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳо ба шумор меравад.

Дар рафти чорабинии мазкур Сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов иштирок намуда, қайд намуд, ки дастгирии лоиҳаи мазкур аз шарикии стратегии Тоҷикистон барои Федератсияи Россия дар соҳаи рушди дарозмуддат дарак медиҳад.

Татбиқи лоиҳаи мазкур то соли 2023 дар назар аст, ки баъд аз анҷоми он зарурияти истифодаи маълумотҳои бадастомада барои пешгӯии дарозмуддат, аз ҷумла бо роҳи ворид намудани технологияҳои муосир ва стандартҳои байналмиллалӣ дар соҳаи омор пеш меояд.

Фируз Аминов.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *