Амрико нисбати Лукашенко ва ҳампаймонҳояш қонун қабул кард

Сенати Амрико қонун ”Дар бораи демократия, ҳуқуқи инсон ва истиқлолияти Беларус”-ро қабул кард. Ин қонун ба президент салоҳиятҳои иловагӣ ва ҳақ медиҳад, ки зидди мақомдорони Беларус, аз ҷумла, дар робита бо интихоботи президентии соли 2020, ки онро ИМА тақаллубшуда меҳисобад ва ҳам хушунат алайҳи эътирозгарон таҳрим ҷорӣ кунад. Қаблан ин тарҳи қонунро Маҷлиси намояндагон ҳам ба тасвиб расонид. Қарор аст ин қонунро президент Доналд Трамп имзо кунад. Дар қонун гуфта шудааст, ки таҳримҳо инчунин на танҳо нисбати шаҳрвандони Беларус, балки шаҳрвандони Русия ҳам қабул шавад, чун, ба навиштаи муаллифон, “дар таъқиби матбуот ва нақзи ҳуқуқи инсон вобаста ба саркӯбҳои Беларус фаъолона ширкат кардаанд”.
Аз 9 август ба ин сӯ дар Беларус намоишҳои эътирозии сартосарӣ аз натиҷаҳои интихобот ва дар қудрат боқӣ мондани Александр Лукашенко идома дорад. Ба фарқ аз Ғарб, Маскав натиҷаҳои интихоботро ба расмият шинохт. Лукашенко ишора кардааст, ки аз қудрат канор рафтанӣ нест ва дар давоми чор моҳи охир садҳо шаҳрвандони эътирозгар аз натиҷаҳои интихобот боздошту шиканҷа шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *